Фармондеҳи собиқи артиши Туркия ба ҳабси абад маҳкум шуд

  • 5 Август, 2013
маъмурони пулиси Туркия
Image caption Додгоҳ имрӯз дар миёни тадобири шадиди амниятӣ баргузор шудааст

Додгоҳе дар Туркия аҳкоми 275 муттаҳам ба сарнагунии давлатро содир кард. Бар асоси ҳукми ин додгоҳ женерол Илкар Бошбу, фармондеҳи собиқи артиш ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Сойири муттаҳамон ба зиндонҳо то 47 сол маҳкум шудаанд. Додгоҳ 21 тан аз муттаҳамонро аз иттиҳомоти ворида табраъа кардааст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса ҳамзамон ҳудуди як ҳазор муътариз дар беруни сохтмони ин додгоҳ ва дар миёни тадобири шадиди амниятӣ даст ба эътироз задаанд.

Шаҳрдори Истонбул пештар баргузории ҳар гуна таҷаммуъро ғайриқонунӣ эълом карда буд.

Ин додгоҳро муҳимтарин додгоҳи торихи Туркия донистаанд.

Муҳокимаи ин гурӯҳ аз муттаҳамон аз соли 2008 оғоз шуд, замоне ки дар хонае дар Истонбул 27 норинҷаки дастӣ кашф шуд.

Дар кайфархости аввалия, ки наздик ба се ҳазор сафҳа буд ва дар соли 2007 содир шуд, дастгиршудагон муттаҳам ба иқдом барои баргардондани кишвар ба "ҳарҷу марҷ, торикӣ ва ноамнӣ" шуда буданд.

Дар соли 2009 кайфархости дувум содир шуд ва шумори бештаре аз чеҳраҳои саршинос дастгир шуданд.

Соли гузашта бо дастгирии женерол Бошбу додгоҳ вориди марҳалаи тозае шуд. Ӯ муттаҳам шуд, ки бо роҳандозии як созмони терруристӣ саъй дошта давлатро сарнагун кунад ва давлатро ба таври нисбӣ ё комил фалҷ кунанд.

Женерол Бошбу, ки дар солҳои 2008 то 2010 фармондеҳи артиши Туркия буд, то ба ҳол ҳашт ҷаласаи додрасӣ дошта ва барои ӯ дархости ҳабси абад шудааст. Женерол Бошбу ин иттиҳомҳоро рад карда буд.

Мухолифони давлат ин додгоҳро идомаи сиёсати ҳизби исломгарои ҳоким барои мубориза бо секулористҳо ва артиш медонанд, ва онҳо муътақиданд далоил ва шавоҳид барои иттиҳомҳои матраҳшуда кофӣ нест.

Аз соли 2002, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон ба нахуствазирӣ расид, теъдоди зиёде аз афсарони фаъол ва бознишастаи артиш дастгир шудаанд.

Матолиби муртабит