Музокирот бар сари узвияти Туркия дар Иттиҳодияи Урупо ба таъвиқ уфтод

Кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо бо пешниҳоди Олмон мабнӣ бар ба таъвиқ уфтодани музокирот бар сари узвияти Туркия дар ин иттиҳодия мувофиқат кардаанд.
Қарор буд ин музокирот чаҳоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ (26 июн) аз сар гирифта шавад, аммо ҳудуди чаҳор моҳ ба таъвиқ уфтод.
Олмон, Утриш (Австрия) ва Ҳуланд аз наҳваи бархурди давлати Туркия бо муътаризони ин кишвар интиқод кардаанд.
Пулиси Туркия дар Онкоро бист нафарро ба иттиҳоми ҳамла ба пулис дар эътирозҳои ахир боздошт кардааст.
Расонаҳои Туркия гузориш додаанд, ки ин афрод узви созмонҳои терруристӣ будаанд.
Гиду Вестервелле, вазири хориҷаи Олмон имрӯз сешанбе (25 июн) танишҳои ҷорӣ байни ду кишварро беаҳамият хонд ва гуфт, ки душанбешаб музокироти хуб ва созандае бо вазири хориҷаи Туркия доштааст.
Ба гуфтаи оқои Довудуғлу, вазири хориҷаи Туркия бар сари роҳи музокироти кишвараш бо Иттиҳодияи Урупо ҳеҷ монеъе вуҷуд надорад.
Музокира дар мавриди пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Урупо расман дар соли 2005 мелодӣ ҳамзамон бо Курвосӣ (Хорватия) оғоз шуд, ки ҳафтаи оянда ба Иттиҳодияи Урупо хоҳад пайваст. Вале музокироти Туркия то кунун ба далели ихтилофот бар сари масъалаи Кипр ва вазъияти ҳуқуқи башар дар Туркия натиҷае ба бор наовардааст.
Ҳафтаи гузашта Гиду Вестервелле, вазири умури хориҷаи Олмон сафири Туркияро ба далели изҳороти мақомоти ин кишвар дар бораи Онгело Меркел, садри аъзами Олмон ба вазорати хориҷаи ин кишвар фаро хонд.
Эътирози Олмон ба суханони Огемен Боғиш, вазири Туркия дар умури Иттиҳодияи Урупо буд, ки хонуми Меркелро ба истифода аз масаълаи Туркия дар муборизоти интихоботӣ муттаҳам карда буд.
Онгело Меркел умедвор аст, ки қабл аз музокира бо Туркия дар интихоботи моҳи сентябр пирӯз шавад.
Иттиҳодияи Урупо аз кишварҳои мутақозии узвият дар ин иттиҳодия дархостҳое дорад, ки бояд онро бароварда кунанд ва Туркия аз ин қоида мустасно нест.
Туркия соли гузашта 856 миллиюн юру аз Иттиҳодияи Урупо барои пешбурди ислоҳот дар ин кишвар дарёфт кард.
Диплумотҳо мегӯянд, ки садри аъзами Олмон мехоҳад, ки Туркия ба ҷои узви комил, ба унвони "шарики вижа" дар Иттиҳодияи Урупо пазируфта шавад.
