Иттиҳодияи Урупо хостори таҳқиқ дар бораи рафтори пулиси Туркия шуд

Истивен Фул, кумисери тавсеъаи иттиҳодияи Урупо, ки ба Истонбул сафар кард гуфтааст, ки Туркия бояд дар мавриди тавсил ба зӯр дар муқобила бо эътирозоти зиддидавлатии охир дар он кишвар таҳқиқ кунад.
Оқои Фул, ки ба ҳамроҳи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия дар конфаронси хабарӣ ширкат карда буд, ҳамчунин гуфт: "Муқобила бо эътирозоти сулҳомез бо зиёдаравӣ дар аъмоли зӯр дар як ҷомеъаи демукротик ҷойгоҳе надорад."
Ӯ ин суханонро пас аз анҷоми гуфтугӯҳои марбут ба равобити Туркия ба Иттиҳодияи Урупо баён кард.
Кумисери тавсеъаи Иттиҳодияи Урупо дар бахши дигар аз суханонаш афзуд, Иттиҳодияи Урупо қасд надорад, то монеъи дастёбии Туркия ба ин иттиҳодия шавад, аммо ин кишвар бояд ба озодии баён ва ҳуқуқи аввалияи инсонҳо эҳтиром бигзорад.
Оқои Фул зимнан таъкид бар анҷоми таҳқиқоти шафоф ва сареъ дар бораи наҳваи бархурд бо мӯътаризон гуфт, афроде ки масъули ин гуна бархурдҳо буданд, бояд дар ин маврид посухгӯ бошанд.
Кумисери тавсеъаи Иттиҳодияи Урупо ҳамчунин гуфт: “Дар як ҷомеъаи демукротик эътирози сулҳомез шеваи қонунманд барои баёни ақоид аст.”
Нахуствазири Туркия дар посух ба ин изҳорот, Иттиҳодияи Урупоро ба аъмоли табъиз муттаҳам карда гуфт, ки нирӯи пулис дар Урупо ва Омрико ҳам аз шеваҳои мушобеҳ истифода мекунад.
Ҳарчанд давлати Туркия таъйид карда, ки пулис барои муқобила бо тазоҳуркунандагон беш аз ҳад ба зӯр мутавассил шуда, аммо дар айни ҳол мӯътақид аст, ки густариши ин ҷунбиши эътирозӣ ба соири шаҳрҳои Туркия бо таҳрики тундравҳо сурат гирифтааст.
Оқои Эрдуғон шаби гузашта пас аз бозгашт ба кишвар бори дигар хостори поён додан ба эътирозот шуд.
Ӯ зимни муттаҳам кардани мӯътаризон ба ғоратгарӣ гуфт, ки онҳо эътибори демукротики худро аз даст додаанд.
Туркия расман дар соли 1987 милодӣ дархости пайвастан ба Иттиҳодияи Урупоро дод. Музокирот дар ин маврид дар соли 2005 мелодӣ оғоз шуд.
Нигаронӣ нисбат ба риъояти ҳуқуқи башар ҳамвора яке аз мавонеъи аслии Туркия дар пайвастани ин кишвар ба ин иттиҳодия будааст.
Бо ин ҳол Фаронса ва Олмон ахиран дар ин маврид нармиши бештаре аз худ нишон доданд.
