Муътаризон дар Туркия хостори истеъфои руасои пулиси Истонбул ва Онкоро шуданд

Гурӯҳе аз мӯътаризон ба сохти як муҷтамаъи тиҷорӣ, дар маҳали порки Гезӣ дар Истонбул бо Баланд Оринч, муъовини нахуствазири Туркия дидор карда ва феҳристе аз дархостҳои худ барои мутаваққиф кардани тазоҳуротро ба ӯ ироа додаанд.
Давлати Туркия аз гурӯҳе аз тарафдорони муҳити зист, ки эътирозҳо дар кишварро оғоз карданд, даъват карда буд то дар дидоре масойили мавҷудро баррасӣ кунанд.
Мутаваққиф шудани тарҳи сохти як муҷтамаъи тиҷорӣ дар маҳали порк аз ҷумлаи ин дархостҳо аст.
Фаъъолони муҳитзистӣ хоҳони он шудаанд, ки мақомоти Туркия расман итминони хотир диҳанд, ки порки Гезӣ дастнахурда боқӣ бимонад.
Фаъъолони Туркия ҳамчунини хоҳони мамнуъияти истифода аз гози ашковар шудаанд.
Онҳо ҳамчунин хоҳони он шудаанд, нерӯҳои пулисе, ки ба хушунат алайҳи муътаризон муттаҳам шудаанд, додгоҳӣ шуда ва муътаризони зиндонӣ низ озод шаванд.
Ин фаъъолон ҳамчунин хоҳони барканории руасои пулиси Истонбул, Онкоро ва чандин шаҳри дигари Туркия шудаанд.
Баланд Оринч, муъовини нахуствазири Туркия рӯзи пеш гуфт, ки тазоҳуроти тарафдорони муҳити зист дар эътироз ба сохти як муҷтамаъи тиҷорӣ дар маҳали порки Гезӣ дар Истонбул одилона ва машруъ буд.
Ӯ ҳамчунин аз афроде, ки дар даргириҳои аввалия осеб дидаанд, пӯзиш хост, аммо гуфт "фикр намекунам зарурате дошта бошад, ки аз афроде узрхоҳӣ кунем, ки ба амволи умумӣ дар хиёбонҳо осеб расонданд ва талош карданд ҷилави озодии мардум дар хиёбонҳоро бигиранд."
Аммо фаъъолони Туркия узрхоҳии оқои Оринчро рад карда ва гуфтаанди изҳороти ӯ "рангу бӯйи ҷанги дохилӣ медиҳад."
Гурӯҳе, ки худро Трибюни ҳамбастагии Тақсим номида гуфтааст, ки феҳристи дархостҳои худро ба муъовини нахуствазири Туркия ироа додааст.
Ин гурӯҳ гуфтааст, ки қадамҳое, ки давлат бардорад, сайри рӯйдодҳои отиро таъин хоҳад кард.
Эътирозот тайи шаби гузашта дар Истонбул идома дошт ва пулис барои мутафарриқ кардани муътаризон аз гози ашковар ва мошинҳои обпошӣ истифода кард.
Тазоҳурот ва нооромиҳо тай чанд рӯзи гузашта дар шаҳрҳои мухталифи Туркия монанди Истонбул ва Онкоро ҷараён доштааст.
Ин тазоҳурот барои мухолифат бо сохти як муҷтамаъи тиҷорӣ дар порки Гезӣ оғоз шуд, аммо ба тазоҳурот алайҳи сиёсатҳои давлати оқои Эрдуғон табдил шуд.
