Боздошти даҳҳо нафар аз мухолифони давлати Туркия дар ҳамла ба хонаҳояшон

  • 18 Июн, 2013
Боздошти муътаризони Туркия

Пулиси зиддитеррурисми Туркия бомдоди имрӯз чандин нафарро бо ҳуҷум ба хонаҳояшон боздошт кардааст.

Илова бар инҳо дафотири рӯзномаи Отилим ва хабаргузории Эткин ҳам мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Рӯзномаи Ҳуррият гузориш медиҳад, ки 193 нафар дар Истонбул ба иттиҳоми "созмондиҳии эътирозоти хушунатбор ва даъвати мардум ба тазоҳуроти ғайриқонунӣ" боздошт шудаанд.

Хабаргузории Фаронса ба нақл аз конуни вукалои Истонбул мегӯяд 90 нафар аз аъзои "Ҳизби сусиёлисти саркӯбшудагон" аз касоне ҳастанд, ки пулис ба хонаҳояшон ҳамла кардааст. Ин гурӯҳи кучаки чапгаро дар ҷараёни эътирозоти порки Гезӣ ва майдони Тақсим фаъъол будааст.

Давлати Туркия тарҳе барои сохти як маркази харид дар порки Гезӣ дошт, ки заминасози эътирозоте дар Истонбул шуд, ки ба суръат ба тазоҳуроти зиддидавлатии густарда дар саросари Туркия бадал шуд.

Нахуствазири Туркия дирӯз эълом кард, ки мумкин аст барои саркӯби ин эътирозот ба артиш мутавассил шавад.

"Истода"

Идрим Гундуз, ҳунарманди муътариз чанд рӯз пас аз он ки пулис муътаризонро аз майдони Тақсим берун кард, дар ин майдони ҳашт соъат рӯ ба як чеҳранигории бузург аз Мустафо Камол Ототурк истод.

Оқои Гундуз дар ин эътирози намодин ҳашт соъатро дар сукут сипарӣ кард. Даҳҳо нафар ба табаъият аз ӯ дар майдони Тақсим истоданд.

Пулис даҳ нафар аз касонеро, ки ҳозир ба тарки майдон нашуданд, боздошт кард. Эътирози намодини " марди истода" таваҷҷуҳи бисёре аз муътаризонро ҷалб кардааст.

Матолиби муртабит