Даргирии хушунатбори пулиси Туркия ва мухолифони давлат дар майдони Тақсим

  • 12 Июн, 2013
Тақсим
Image caption Зоҳиран лаҳни тунди оқои Эрдуғон оташи хушунатҳоро ташдид кардааст

Дар пайи вуруди нерӯҳои пулиси Туркия ба майдони Тақсим даргириҳои хушунатборе миёни ин нерӯҳо ва муътаризон ба давлат рух дод.

Ба гузориши манобеъи маҳаллӣ шоми сешанбе 11-уми июн ва соъати аввали бомдоди чоршанбе майдони Тақсим аз дуди оташи мошинҳои ба оташ кашида, гози ашковар ва садои инфиҷор пур шудааст. Ин дар ҳолест, ки садҳо ҷавони хашмгин бо пушидани колоҳҳои эманӣ ва моски гоз ба муқобала бо пулис омадаанд.

Ба гуфтаи Жиёр Гул, хабарнигори Би-би-сӣ Форсӣ, бархе рӯзноманигорони Туркия муътақиданд, чунин даргириҳои хушунатборе дар таърихи Туркия камсобиқа будааст.

Пештар нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба муътаризон ҳушдор дода буд, ки агар майдони Тақсимро тарк накунанд, муҷозот хоҳанд шуд. Ин дар ҳоле аст, ки зоҳиран лаҳни оқои Эрдуғон оташи хушунатҳоро ташдид кардааст.

Қарор буд рӯзи чоршанбе 12-уми июн нахуствазир бо намояндагоне аз муътаризон мулоқот кунад, аммо ду тан аз онон гуфтаанд, онҳо бо оқои Эрдуғон мулоқот нахоҳанд кард.

Субҳи рӯзи сешанбе садҳо маъмурони пулиси муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зиддишӯришӣ вориди майдони Тақсими шаҳри Истонбул, маҳалли забткардаи муътаризон шуданд, то ононро мутафарриқ кунанд.

Амалиёти вуруди маъмурон ба майдони Тақсим дар соъати аввалияи бомдод ба вақти маҳаллӣ ба иҷро гузошта шуда ва бархе нозирон гуфтаанд, ки маъмурон барои муддате кӯтоҳ ба шиллики гози ашковар ва гулулаи лостикӣ (тирҳои резинӣ) мубодират карданд.

Вуруди маъмурони пулис ба майдони Тақсим боис шуд, теъдоде аз мӯътаризон аз маҳалл бигрезанд, аммо гурӯҳи дигар бо партоби бутрии оташзо, васоили оташбозӣ ва санг дар садади муқобила бо маъмурон баромаданд.

Пештар мӯътаризон дар майдони Тақсим бо мушоҳидаи таҷаммӯъи нафароти пулис ва пешбинии эҳтимолии вуруди онон ба майдони Тақсим ба эҷоди сангарҳое дар маҳалли мубодират карда буданд.

Маъмурони пулис пас аз ворид ба ин маҳал порчаи навиштаҳои бузургеро, ки мӯътаризон бар як сохтмони баланд дар канори майдони овехта буданд, пойин кашиданд ва ба ҷойи он парчами бузурги Туркия ва тасвире аз Отатурк, бунёнгузори Туркияро овехтанд.

Ба гузориши хабаргузории "Осшейтед пресс", фармондори Истомбул дар паёме дар твитери худ гуфтааст, ки маъмурияти пулис дар рӯзи сешанбе сирфан пойин кашидани порчаи навиштаӣ буда, ки мӯътаризон бар як бинои ёдбуд дар майдони Тақсим овехта буданд.

Image caption Фармондори Истонбул гуфтааст ҳадафи пулис мутафарриқ кардани мутаҳасисон будааст

Ӯ гуфтааст, ки манзури пулис ҳамла ба мӯътаризон ва муттафарриқ кардани онон набудааст.

Таҳасуни эътирозӣ дар Истонбул аз дувоздаҳ рӯзе пеш оғоз шуда ва шаби гузашта, аз шумори мутаҳаснон дар майдони Тақсим ба тарзи чашмгире коста шуда буд, аммо теъдоди ҷобили таваҷҷӯҳ аз афроди мутаҳасин дар порки қозӣ дар наздики ин майдон ҳузур доштанд.

Эътироз ба сиёсати давлат

Тазоҳуроти Истонбул дар вокуниш ба тасмими давлат ба эҷоди як маркази харид дар ин порк оғоз шуд ва дар пайи вокуниши хушунатомези пулис ҷанбаи эътирози густардатареро алайҳи сиёсатҳои давлати исломгарои ин кишвар ба худ гирифт.

Илова бар Истонбул, бархе дигар аз шаҳрҳои Туркия низ шоҳиди тазоҳуроти зидди давлатӣ буда ва аз ҷумла, дар Онкоро, пойтахт маъмурони пулис барои мутафарриқ кардани тазоҳуркунандагон аз мошини обпошӣ истифода карданд.

Тазоҳуроти Туркия то кунун ба кушта шудани се нафар ва захмӣ шудани шумори дигаре мунҷар шуда, аммо ҳанӯз давлат бо хостаи мӯътаризон барои тавофуқи тарҳи эҳдоси маркази хариди мавриди назар мувофиқат накардааст.

Рӯзи гузашта муъовини нахуствазири Туркия гуфт, ки оқои Ордуғон рӯзи чаҳоршанбе бо гурӯҳе аз мӯътаризон мулоқот мекунад, то аз назароти онон муталеъ шавад.

Ин мақоми Туркия дар айни ҳол афзуд, ки “эътирозҳои ғайриқонунӣ” бояд мутаваққиф шавад.

Image caption Тазоҳуроти зистмуҳитӣ ба ҳаракати эътирозӣ алайҳи ҳукумати исломгаро мунҷар шудааст

Агарчи тазоҳуроти Истонбул дар ибтидо ба сурати эътирози муҳитизистӣ оғоз шуд, аммо дар рӯзҳои баъд ба василае барои интиқод аз сиёсатҳо ва равиши зимомдории нахуствазири исломгарои ин кишвар табдил шудааст.

Раҷаб Тайиб Ардуғон ба унвони раҳбари ҳизби исломгарои "Тавсиъа ва адолат" аз даҳ сол пеш то кунун симати нахуствазири Туркияро дар даст дошта ва дар ин муддат иқдомоти муассире дар беҳбуди вазъияти иқтисодии Туркия ва тақвияти мавқеъияти байналмилалии он кишвар сурат додааст.

Дар айни ҳол бархе аз иқдомоти давлат боис шудааст, то мухолифони оқои Ордуғон ӯро ба талоше барои тазъифи низоми Туркия ва талоше барои аз миён бурдани демукросӣ аз тариқи барпойи як ҳукумати динӣ муттаҳам кунанд.

Давлат ин иттиҳомотро рад карда ва бар таъаҳҳуд ба низоми сиёсии Туркия таъкид ниҳодааст.

Матолиби муртабит