Эрдуғон аз ҳомиёнаш хост бо ширкат дар интихобот ба мухолифон посух диҳанд

  • 9 Июн, 2013
 Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Image caption Эрдуғон дар ҷараёни суханронии худи бори дигар аз муътаризон ба унвони "харобкор ва террурист" ёд кард

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия аз ҳомиёнаши хоста то бо раъй додан ба ҳизби ҳокими Тавсеъа ва адолат дар интихоботи маҳаллии соли оянда (2014) ба мухолифон посух диҳанд.

Оқои Эрдуғон, ки имрӯз (якшанбеи 9 июн) дар миёни ҳазорон нафар аз ҳомиёнаш дар шаҳри Одоно, дар ҷануби он кишвар суҳбат мекард аз онҳо хост то ҳимояташонро дар сандуқҳои раъй нишон диҳанд.

Нахуствазири Туркия гуфт: "То замони баргузории интихоботи маҳаллӣ ҳафт моҳ боқӣ монда ва ман аз шумо мехоҳам то аввалин дарсро аз тариқи раъй додан ба мухолифон бидиҳед."

Оқои Эрдуғон дар ҷараёни суханронии худ бори дигар аз муътаризон ба унвони "харобкор ва террурист" ёд кард ва афзуд: "Мо он кореро, ки теъдоде ғоратгар анҷом доданд, анҷом нахоҳем дод."

Рӯзи гузашта Ҳусайн Чалик, нойиби раиси ҳизби Адолат ва тавсеъа гуфт, ки ҳеҷ тағйире дар замони барпоии интихоботи баъдии ин кишвар сурат намегирад.

Оқои Чалик ин изҳоротро пас аз дидор бо аъзои Кумитаи иҷроии ҳизб баён кард.

Image caption Нооромиҳои Туркия ҳафтаи гузашта аз порки Гезӣ дар наздикии майдони Тақсим оғоз шуд

Нооромиҳои Туркия ҳафтаи гузашта аз порки Гезӣ дар наздикии майдони Тақсим, яке аз муҳимтарин майдонҳои Истонбул, оғоз шуд.

Муътаризон ба тарҳи навсозии майдони Тақсим ва эҳдоси як иморат дар он таҳассун карданд.

Ин таҳассун ба эътирозҳои густарда дар саросари Туркия аз ҷумла дар Онкоро ва Измир табдил шуд ва ҷанбаи сиёсӣ гирифт. Густардагии эътирозот ба ҳадде буд, ки аз 82 шаҳри Туркия 67 шаҳр шоҳиди нооромиҳо будаанд.

Дар ин нооромиҳо ҳаддиақал 1700 нафар дастгир, садҳо нафар маҷруҳ ва чаҳор нафар кушта шудаанд .

Матолиби муртабит