Туркия: Муътаризон қасд надоранд порки Гезиро тахлия кунанд

  • 15 Июн, 2013

Муътаризони порки Гезӣ дар Истонбул эълом кардаанд, ки бо вуҷуди тасмими давлат дар бораи ба таъхир гузоштани иҷрои тарҳи бозсозии ин порк, ба тазоҳуроти худ поён намебахшанд.

Оғози тарҳи бозсозии порки Гезӣ боиси сар задани тазоҳуроти саросарӣ дар Туркия шуда буд, ки дертар ба эътирозоти густардаи зиддидавлатӣ табил шуд.

Тасмим дар бораи тарк накардани порки Гезӣ тавассути муътаризон дар ҳоле иттихоз мешавад, ки намояндагони онҳо тӯли як шаб бо нахуствазири Туркия музокирот карданд.

Истидоли муътаризон ин аст, ки мегӯянд, ҳеҷ пешрафте дар заминаи таҳқиқоти бадрафтории пулис дар ҷараёни эътирозоти мардум нашудааст. Дар ҷараёни даргириҳо бо пулис чаҳор муътариз ҷони худро аз даст додааст.

Шаби ҷумъа муътаризон дар порки Гезӣ ба ёди чаҳор муътариз, ки дар ҷараёни эътирозҳо ҷон додаанд, шамъ рушан карданд.

Пештар Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия тақозо карда буд, ки муътаризон майдони Тақсимро тахлия кунанд ва пешниҳод кард, ки дар бораи бозсозӣ шудан ё нашудани порки Гезӣ назарпурсӣ анҷом шавад.

Ӯ рӯзи 13-уми июн ба муътаризон дар Истонбул "охирин ҳушдор"-ро дод, то порки Гезиро тарк кунанд. Ӯ гуфт: "Сабурии мо рӯ ба поён аст. Барои охирин бор ҳушдор медиҳам."

Рӯёрӯйии нерӯҳои пулис ва муътаризон дар порки Гезӣ ва майдони Тақсими Истонбул барои ду ҳафта дар ҷараён будааст.

Мухолифони давлат гуфтаанд, ки то вақте давлат аз тарҳҳо барои сохтусоз дар порки Гезӣ даст накашанд, ин поркро тарк нахоҳанд кард.

Ҳарчанд пулис қаблан майдони Тақсимро аз муътаризон тахлия кард, то ҳоло ба урдугоҳе ки муътаризон дар порки Гезӣ дуруст кардаанд, кордор нашудааст.

Матолиби муртабит