Эрдуғон "барои охирин бор" ба муътаризони Истонбул ҳушдор дод

  • 13 Июн, 2013
Раҷаб Эрдуғон
Image caption Эрдуғон: Сабурии мои рӯ ба поён аст

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия ба муътаризон дар Истонбул "охирин ҳушдор"-ро додааст то порки Гезиро тарк кунанд.

Ӯ гуфт: "Сабурии мо рӯ ба поён аст. Барои охирин бор ҳушдор медиҳам."

Рӯёрӯйии нерӯҳои пулис ва муътаризон дар порки Гезӣ ва майдони Тақсими Истонбул барои наздик ба ду ҳафта дар ҷараён будааст.

Мухолифони давлат гуфтаанд, ки то вақте давлат аз тарҳҳо барои сохтусоз дар порки Гезӣ даст накашанд, ин поркро тарк нахоҳанд кард.

Ҳизби ҳокими Адолат ва тавсаъа дар Туркия гуфтааст, ки омодаи баррасии имкони баргузории ҳамапурсӣ дар бораи сарнавишти тарҳи сохтусоз дар порки Гезӣ аст.

Дар сурати баргузории назарсанҷӣ давлат аз назари қонунӣ иҷборе ба пазириши натиҷаи он надорад, вале оқои Эрдуғон гуфта аст, ки натиҷаи назарсанҷӣ ҳарчӣ бошад, мавриди эҳтироми ӯ аст.

Бо ин ҳол ӯ имрӯз гуфт: "Наметавонӣ беш аз ин мунтазир бимонӣ, чуни порки Гезӣ ба касоне, ки онро ишғол кардаанд, таъаллуқ надорад, балки мутаъаллиқ ба мардум аст."

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Истонбул мегӯяд ки фазои порки Гезӣ ҳамакнун ором аст, вале муътаризон ҳамчунон дар маҳал ҳузур доранд.

То кунун 5 нафар дар даргириҳои ду ҳафтаи ахир дар ҳаволии порки Гезӣ ва майдони Тақсими Истонбули ҷони худро аз даст додаанд. Охирин нафар муътаризе буд, ки гуфта мешавад дар ҷараёни даргирии пулиси зиддишӯриши Туркия бо муътаризон, бо маҳфазаи гози ашковар ба сараш зарба ворид шудааст.

Матолиби муртабит