Пулиси Туркия ба майдони Тақсим ворид шуд

  • 11 Июн, 2013
Image caption Мухолифони давлат пулисро ба барномарезӣ барои мутафарриқ кардани мӯътаризон муттаҳам кардаанд

Рӯзи сешанбеи 11 июн, хабаргузориҳои байналмилалӣ ба нақл аз мухолифони Раҷаб Тайиб Эрдуғон , нахуствазири Туркия, гузориш карда, ки садҳо маъмури пулиси муҷаҳҳаз ба таҷҳизоти зидди шӯриш вориди майдони Тақсими шаҳри Истомбул, маҳалли мӯътаризон шудаанд, то ононро мутафарриқ кунанд.

Бар асоси ин гузориш, амалиёти вуруди маъмурон ба майдони Тақсим дар соъати аввалияи бомдод ба вақти маҳаллӣ ба иҷро гузошта шуда ва бархе нозирон гуфтаанд, ки маъмурон барои муддате кӯтоҳ ба шиллики гози ашковар ва гулулаи лостикӣ (тирҳои резинӣ) мубодират карданд.

Вуруди маъмурони пулис ба майдони Тақсим боис шуд, теъдоде аз мӯътаризон аз маҳалл бигрезанд, аммо гурӯҳи дигар бо партоби бутрии оташзо, васоили оташбозӣ ва санг дар садади муқобила бо маъмурон баромаданд.

Пештар мӯътаризон дар майдони Тақсим бо мушоҳидаи таҷаммӯъи нафароти пулис ва пешбинии эҳтимолии вуруди онон ба майдони Тақсим ба эҷоди сангарҳое дар маҳалли мубодират карда буданд.

Маъмурони пулис пас аз ворид ба ин маҳал порчаи навиштаҳои бузургеро, ки мӯътаризон бар як сохтмони баланд дар канори майдони овехта буданд, пойин кашиданд ва ба ҷойи он парчами бузурги Туркия ва тасвире аз Отатурк, бунёнгузори Туркияро овехтанд.

Image caption Фармондори Истонбул гуфтааст, ҳадафи пулис мутафарриқ кардани мӯътаризон набудааст.

Ба гузориши хабаргузории "Осшейтед пресс", фармондори Истомбул дар паёме дар твитери худ гуфтааст, ки маъмурияти пулис дар рӯзи сешанбе сирфан пойин кашидани порчаи навиштаӣ буда, ки мӯътаризон бар як бинои ёдбуд дар майдони Тақсим овехта буданд.

Ӯ гуфтааст, ки манзури пулис ҳамла ба мӯътаризон ва муттафарриқ кардани онон набудааст.

Таҳсани эътирозӣ дар Истонбул аз дувоздаҳ рӯзе пеш оғоз шуда ва шаби гузашта, аз шумори мутаҳаснон дар майдони Тақсим ба тарзи чашмгире коста шуда буд, аммо теъдоди ҷобили таваҷҷӯҳ аз афроди мутаҳасин дар порки қозӣ дар наздики ин майдон ҳузур доштанд.

Эътироз ба сиёсати давлат

Тазоҳуроти Истонбул дар вокуниш ба тасмими давлат ба эҷоди як маркази харид дар ин порк оғоз шуд ва дар пайи вокуниши хушунатомези пулис ҷанбаи эътирози густардатареро алайҳи сиёсатҳои давлати исломгарои ин кишвар ба худ гирифт.

Илова бар Истонбул, бархе дигар аз шаҳрҳои Туркия низ шоҳиди тазоҳуроти зидди давлатӣ буда ва аз ҷумла, дар Онкоро, пойтахт маъмурони пулис барои мутафарриқ кардани тазоҳуркунандагон аз мошини обпошӣ истифода карданд.

Image caption Тазоҳуроти зистмуҳитӣ ба ҳаракати эътирозӣ алайҳи ҳукумати исломгарои Ордуғон мунҷар шудааст.

Тазоҳуроти Туркия то кунун ба кушта шудани се нафар ва захмӣ шудани шумори дигаре мунҷар шуда, аммо ҳанӯз давлат бо хостаи мӯътаризон барои тавофуқи тарҳи эҳдоси маркази хариди мавриди назар мувофиқат накардааст.

Рӯзи гузашта муъовини нахуствазири Туркия гуфт, ки оқои Ордуғон рӯзи чаҳоршанбе бо гурӯҳе аз мӯътаризон мулоқот мекунад, то аз назароти онон муталеъ шавад.

Ин мақоми Туркия дар айни ҳол афзуд, ки “эътирозҳои ғайриқонунӣ” бояд мутаваққиф шавад.

Агарчи тазоҳуроти Истонбул дар ибтидо ба сурати эътирози муҳитизистӣ оғоз шуд, аммо дар рӯзҳои баъд ба василае барои интиқод аз сиёсатҳо ва равиши зимомдории нахуствазири исломгарои ин кишвар табдил шудааст.

Раҷаб Тайиб Ардуғон ба унвони раҳбари ҳизби исломгарои "Тавсиъа ва адолат" аз даҳ сол пеш то кунун симати нахуствазири Туркияро дар даст дошта ва дар ин муддат иқдомоти муассире дар беҳбуди вазъияти иқтисодии Туркия ва тақвияти мавқеъияти байналмилалии он кишвар сурат додааст.

Дар айни ҳол бархе аз иқдомоти давлат боис шудааст, то мухолифони оқои Ордуғон ӯро ба талоше барои тазъифи низоми Туркия ва талоше барои аз миён бурдани демукросӣ аз тариқи барпойи як ҳукумати динӣ муттаҳам кунанд.

Давлат ин иттиҳомотро рад карда ва бар таъаҳҳуд ба низоми сиёсии Туркия таъкид ниҳодааст.

Матолиби муртабит