Туркия: Тарҳи бозсозии порки Гезӣ ба таъхир гузошта шуд

Давлати Туркия розӣ шуда, иҷрои тарҳи бозсозии порки Гезиро дар Истонбул то замони раъйи додгоҳ дар заминаи ин тарҳ ба таъхир гузорад.
Тарҳи бозсозии сохтмонҳои воқеъ дар порки марказии Истонбул, боиси гирдиҳамоии муътаризон ба ин тарҳ шуда буд, ки баъдтар ба тазоҳуроти тамомаёри алайҳи ҳукумат табдил шуд.
Ба гуфтаи як намояндаи давлати Туркия тарҳи бозсозии порк то замоне, ки додгоҳ анҷоми онро муҷоз бихонад, ба иҷро надоҳад даромад. Агар додгоҳ ин тарҳро қонунӣ бидонад, барои иҷрои он ҳамапурсӣ анҷом хоҳад шуд.
Шаби гузашта мақомоти Туркия дар раъси Раҷаб Тайиб Эрдуғон то субҳ бо намояндагони муътаризон музокира анҷом доданд. Ин муътаризон тайи ду ҳафтаи ахир дар майдони марказии шаҳри Истонбул тазоҳурот анҷом медиҳанд.
Муътаризон ин музокира бо мақомотро мусбат арзёбӣ карданд, аммо таъкид карданд, ки иқдоми баъдии худро бо ҳасафони худ дар порки Гезӣ ҳамоҳанг хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия рӯзи 13-уми июн ба муътаризон дар Истонбул "охирин ҳушдор"-ро дод, то порки Гезиро тарк кунанд.
Ӯ гуфт: "Сабурии мо рӯ ба поён аст. Барои охирин бор ҳушдор медиҳам."
Рӯёрӯйии нерӯҳои пулис ва муътаризон дар порки Гезӣ ва майдони Тақсими Истонбул барои наздик ба ду ҳафта дар ҷараён будааст.
Мухолифони давлат гуфтаанд, ки то вақте давлат аз тарҳҳо барои сохтусоз дар порки Гезӣ даст накашанд, ин поркро тарк нахоҳанд кард.
Ҳизби ҳокими Адолат ва тавсаъа дар Туркия гуфтааст, ки омодаи баррасии имкони баргузории ҳамапурсӣ дар бораи сарнавишти тарҳи сохтусоз дар порки Гезӣ аст.
Дар сурати баргузории назарсанҷӣ давлат аз назари қонунӣ иҷборе ба пазириши натиҷаи он надорад, вале оқои Эрдуғон гуфта аст, ки натиҷаи назарсанҷӣ ҳарчӣ бошад, мавриди эҳтироми ӯ аст.
Бо ин ҳол ӯ имрӯз гуфт: "Наметавонӣ беш аз ин мунтазир бимонӣ, чунки порки Гезӣ ба касоне, ки онро ишғол кардаанд, таъаллуқ надорад, балки мутаъаллиқ ба мардум аст."
То кунун 5 нафар дар даргириҳои ду ҳафтаи ахир дар ҳаволии порки Гезӣ ва майдони Тақсими Истонбули ҷони худро аз даст додаанд.
Охирин нафар муътаризе буд, ки гуфта мешавад дар ҷараёни даргирии пулиси зиддишӯриши Туркия бо муътаризон, бо маҳфазаи гози ашковар ба сараш зарба ворид шудааст.
