Вазири кишвари Туркия: Эътисоби имрӯз ғайриқонунӣ аст

  • 17 Июн, 2013
Пулис дар майдони Тақсими Истонбул мустақар аст
Image caption Пулис дар майдони Тақсими Истонбул мустақар аст

Муъаммар Гулер, вазири кишвари Туркия эътисоби саросарии имрӯзро ғайриқонунӣ хонда ва хостори муҷозоти эътисобкунандагон шудааст. Ин изҳорот дар вокуниш ба фарохони ду иттиҳодияи муҳими синфӣ барои эътисоби саросарӣ будааст.

Ба гуфтаи сухангӯи иттиҳодияҳо ҳадаф аз эътисоби якрӯзаи имрӯз "поён додан ба хушунатҳои пулис" аст.

Банобар гузоришҳо дар Онкоро пулис монеъи ҳаракати садҳо эътисобкунанда ба маркази шаҳр шудааст. Раиси иттиҳодияи пизишкони Туркия ҳам гуфтааст, ки дар Истонбул ҳашт пизишк ва парастор, ки маҷруҳонро дар дармонгоҳҳои муваққат дармон карда буданд, дастгир шудаанд.

Булан Оринч, муъовини нахуствазири Туркия ҳам гуфтааст агар талоши пулис барои поён додан ба эътирозҳо кофӣ набошад, мумкин аст артиш дар Истонбул ва Онкоро вориди амал шавад.

Даъват ба эътисоби якрӯза баъд аз он сурат гирифт, ки пулис муътаризони мустақар дар порки Гезии Истонбулро пас аз 18 рӯз аз порк берун кард.

Иттиҳодияҳои синфии пизишкон, муҳандисон ва дандонпизишкон ҳам эълом кардаанд аз ин эътисоб ҳимоят хоҳанд кард.

Ин дар ҳоле аст ки дишаб (якшанбеи 24 хурдод, 16 июн) даргириҳои пароканда байни пулис ва муътаризон дар Истонбул ва Онкоро ҷараён дошт ва ба гузориши хабаргузории Дуғон, дирӯз даҳҳо нафар дар Истонбул ва 80 нафар дар Онкоро дастгир шудаанд.

Имрӯз ҳам барои чанд тазоҳурот дар Истонбул фарохон дода шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад ки пулис як намояндаи порлумонро, ки вобаста ба ҳизби Ҷумҳурихоҳи мардум буда, кутак задааст.

Крис Мурис, хабарнигори Би-би-сӣ дар Истонбул мегӯяд, ки танишҳо ҳанӯз фурӯкаш накарда ва бисёре аз манотиқи шаҳр бесубот ва ноором аст.

Дирӯз Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия дар суханронӣ барои даҳҳо ҳазор нафар аз ҳаводоронаш гуфт, ки ӯ мисли як диктотур амал намекунад, балки ин муътаризон ҳастанд, ки талош мекунанд ақаллият бар аксарият султа пайдо кунад.

Оқои Эрдуғон аз расонаҳои хориҷӣ ҳам интиқод кард ва ваъда дод, ки "тактаки касоне, ки хиёбонҳоро ноамн кардаанд" шиносоӣ хоҳанд шуд.

Image caption Пизишкони Туркия ба истифодаи бемулоҳиза аз гози ашковар эътироз кардаанд

Гози ашковар

Иттиҳодияи пизишкони Туркия дирӯз истифодаи "бераҳмона аз гози шимиёӣ" дар рӯёрӯии нерӯҳои пулис бо муътаризонро маҳкум кард ва дар бораи авоқиби истифодаи бемуҳобои гози ашковар барои ҷамъиятҳои зиёд ҳушдор дод.

Ба гуфтаи ин иттиҳодия дирӯз дар Онкоро як капсули гози ашковар ба сари як зани бистсола исобат ва ӯро маҷруҳ кардааст.

Бар асоси натоиҷи як назарсанҷии интернетӣ, ки ёздаҳ ҳазор нафар дар он ширкат доштанд, ниме аз онҳо то як ҳафта аз аворизи гози ашковар ранҷ бурдаанд.

Бо вуҷуди сахтгирии давлат дар муқобили тазоҳуркунандагон муътаризон қавл додаанд, ки ақаб нанишинанд ва ба эътирозҳо дар майдони Тақсим идома диҳанд.

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ ду тарафи мунозиъа аз адабиёти тунде алайҳи ҳам истифода мекунанд ва ба назар мерасад, ки таниш ҳамчунон рӯ ба афзоиш аст.

Ин нооромиҳо дар эътироз ба тағйири корбарии порки Гезии Истонбул ва бар пояи мулоҳизоти зистмуҳитӣ оғоз шуд, аммо баъд мунтақидон ба амалкарди ҳизби ҳокими Адолат ва тавсеъа ба муътаризон пайвастанд.

Ин афрод муъақиданд, ки давлат бар хилофи қонуни асосии секулори Туркия амал мекунад ва қасди тарвиҷ ва таъмиқи қавонини исломиро дорад.

Пеш аз ин нахуствазири Туркия ваъда дод, ки мавзуъи тахриби порк ба додгоҳ ирҷоъ дода шавад ва ҳатто дар сурате ки додгоҳ ба нафъи давлат раъй дод, боз тасмими ниҳоӣ дар ин бора пас аз баргузории як ҳамапурсӣ ниҳоӣ шавад. Аммо эътирозҳо фурӯкаш накардааст.

Гуфта мешавад ки дар рӯёрӯии нерӯҳои пулис бо муътаризон дар Туркия то кунун чаҳор нафар кушта ва ҳудуди панҷ ҳазор нафар захмӣ шудаанд.

Матолиби муртабит