Тасхири дубораи майдони Тақсим тавассути муътаризон дар Туркия

  • 2 Июн, 2013
Тазоҳурот дар майдони Тақсим

Дар идомаи эътирозот алайҳи давлати Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия ҳазорон нафар аз муътаризон муҷаддадан майдони Тақсим дар маркази Истонбулро ба тасхири худ даровардаанд.

Илова бар ин даргириҳо дар Онкоро, пойтахт ва Измир дар ҷараён аст.

Дар рӯзҳои гузашта даргириҳои хушунатборе миёни пулис ва муътаризон рух дода ва ҳудуди ҳазор нафар дар ҷараёни ин эътирозот боздошт шудаанд.

Пеш аз ин Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз муътаризон хоста буд, ки ба хонаҳои худ бозгарданд.

Пулис саъй карда бо эҷоди мавонеъе ҷилави таҷаммуъи муътаризонро бигирад. Муътаризон мегӯянд, ки хоҳони озодии фаврии ҳамаи боздоштиёни рӯзҳои ахир ва истеъфои мақомҳое шудаанд, ки дар бархурди хашин бо муътаризон нақш доштаанд.

Рӯзи гузашта оқои Эрдуғон тасдиқ кард, ки нерӯҳои амниятӣ ва пулис дар мавориде бархурди номуносибе бо муътаризон доштаанд.

"Таййиб истеъфо" яке аз шиъорҳои аслии мӯътаризон аст.

Даргириҳо дар Туркия аз чанд рӯз пеш ва дар эътироз ба сохти як муҷтамаъи тиҷорӣ дар маҳали порки Гезӣ дар Истонбул оғоз шуд, аммо эътирозот ба суръат ҷанбаи сиёсӣ ба худ гирифт ва ба шаҳрҳои мухталифи Туркия сироят кард.

Маҳмуд Ҳамзачӣ аз Би-би-сии туркӣ мегӯяд: "Интизор намеравад, ки ин эътирозот асаре фаврӣ бар сиёсатҳои Раҷаб Таййиб Эрдуғон бигузорад, аммо ба тарзи чашмгире рӯҳияи мухолифонро боло мебарад."

Ба ҷуз таҷаммуъи имрӯз муътаризон дишаб ҳам бо қошуқ задан ва рӯшан ва хомӯш кардани паёпаи чароғҳои хонаҳо эътирозашро нишон доданд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар беш аз даҳ соле, ки ба нахуствазирии Туркия расида бо чунин эътирозҳои густарда мувоҷеҳ нашуда будааст.

Матолиби муртабит