Даргирии пулис бо тазоҳуркунандагон дар Туркия

  • 1 Май, 2013

Пулиси Туркия барои мутафарриқ кардани тазоҳурот ба муносибати 1 май, рӯзи ҷаҳонии коргар аз мошинҳои обпош ва гози ашковар истифода кардааст.

Бо вуҷуди мамнуъияти гирдиҳамоиҳои умумӣ ба далели умури бозсозӣ дар майдони Тақсим дар маркази Истомбул тазоҳуркунандагон қасд доштанд ба ин майдон бираванд.

Тазоҳуркунандагони хашмгин ба партоб кардани куктейл Мулутуф (бутылки с зажигательной смесью) ба суи пулис пардохтаанд.

Дар ҳамин ҳол дар Юнон, кишвари ҳамсояи Туркия тазоҳуроти умумӣ, ки аз суи иттиҳодияғои коргарӣ дар эътироз ба сиёсатҳои риёзатии давлат созмон дода шуда буд, боъиси мухтал шудани фаъъолияти нақлиёти умумӣ дар Отен, пойтахти Юнон ва қатъ шудани ҳаракати киштиҳо миёни манотиқи ҷазоирии ин кишвар гардидааст.