Тошев ва Ризоев дар зиндонҳои мухталиф ба сар хоҳанд бурд

Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон тасмим гирифтааст, Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, ду зиндонӣ пас аз муҳоқимаи пурсарусадоро ба зиндонҳои мухталиф барои адои ҷазо мунтақил кунанд.
Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев дар соли гузашта аз Душанбе ба зиндони шаҳри Хуҷанд мунтақил шуда буданд ва бо иттиҳоми “додани гувоҳии бардурӯғ” ва “номураттаб сохтани фаъъолияти муасисаи ислоҳӣ” муҳокима шуданд. Додгоҳ онҳоро ба 7 ва 9 соли зиндон маҳкум кард.
Як манбаъ аз Идораи умури зиндонҳои Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, ба Би-би-сӣ гуфт, ки Садриддин Тошев барои адои ҷазо ба зиндони шаҳри Қурғонтеппа мунтақил шуда ва Сунатулло Ризоев дар зиндони Хуҷанд ба сар хоҳад бурд.
Исми ин ду зиндонӣ дар соли гузашта баъд аз марги Ҳамза Икромзода, зиндонии дигар расонаӣ шуд. Қарор буд ин зиндониён дар ҷараёни муҳокимаи парвандаи марбут ба марги Ҳамза Икромзода, алайҳи маъмурони зиндон мабнӣ бар даст доштани онҳо дар шиканҷаи Ҳамза Икромзода шаҳодат бидиҳанд.
Аммо онҳо аз Душанбе ба боздоштгоҳи вилояти Суғд мунтақил шуда ва дертар гузоришҳое дар бораи мавриди шиканҷа қарор гирифтани онҳо дар боздоштгоҳи Хуҷанд интишор ёфт.
Марги Ҳамза Икромзода баргузории эътирозотеро дар Душанбе ба дунбол дошт. Пайвандони бархе аз зиндониён, ки мавриди шиканҷа карор гирифтаанд, дар номае унвонии Президент Раҳмон, Созмони Миллали Мутаҳҳид ва созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар аз мақомоти Идораи умури зиндонҳо, Додгоҳи Олӣ ва додситонӣ шикоят карда ва истеъфои Иззатулло Шарипов, раиси умури зиндонҳои Тоҷикистонро тақозо карданд.
Дар наворе видиюӣ, ки дар интернет мунташир шуд, гурӯҳе аз маҳбусон захмҳои худро дар баданашон нишон медиҳанд ва мегӯянд, ки он осори лату кӯби маъмурони интизомӣ дар боздоштгоҳ аст.
Додситонӣ мегӯяд, ин гурӯҳи маҳбусон ба ибтикори Садриддин Тошев ва Суннатуло Ризоев ҳамдигарро задаанд ва барои бадном кардани зиндонбонҳо чунин наворҳоро таҳия ва бо иддаъоҳои “дурӯғин” дар вебсойтҳо ҷо додаанд.
Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи ин ду зиндонӣ чунин иттиҳомро бепоя хонда ва мегӯяд, ки муваккилонаш воқеъан мавриди лату куб қарор гирифтаанд ва аъмоли Тошев ва Ризоевро як навъ “қаҳрамонӣ” унвон кард.
Хонум Воҳидова хабар дод, ки аз ҳукми ахири додгоҳи шаҳри Хуҷанд ва додгоҳи истинофии вилоятӣ шикоят бурда ва барои бекор кардани чунин иттиҳомот ва ҳукми додгоҳ талош хоҳад кард.
Ба гуфтаи вай, чунин ҳукми додгоҳ метавонад вазъи мубориза бо хушунат ва нақзи қонун дар зиндонҳоро душвортар созад, зеро ҳамакнун афроди мавриди шиканҷа қарор гирифта аз шикоят алайҳи зиндонбонҳо ва муҳокимаи додгоҳии онҳо худдорӣ мекунанд.
