Таҳрими ҷаласаи додгоҳ ба нишони эътироз дар Хуҷанд

Вукалои мудофеъи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду зиндонӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки дар тӯҳмат алайҳи маъмурони зиндон ва тарҳрезии нооромӣ дар зиндон муттаҳаманд, ба нишони эътироз аз ширкат дар идомаи муҳокимаи парванда худдорӣ карданд.
Қарор буд, рӯзи ҷумъаи 4-уми октябр дар бинои боздоштгоҳи муваққатии шумораи дуи шаҳри Хуҷанд муҳокимаи парвандаи Тошев ва Ризоев доир шавад, вале вукалои мудофеъи онҳо аз додгоҳ тақозо карданд, ки идомаи муҳокима дар толори додгоҳ баргузор шавад.
Файзиниссо Воҳидова, яке аз вукалои мудофеъи ин ду маҳбус гуфт, ки ба нишони эътироз ба нақзи мукаррари қонун дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ ба ин иқдом даст задаанд.
Вай мегӯяд, ки бархе аз кормандони ин боздоштгоҳ ба ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ дар боздоштгоҳи муваққатии шумораи яки шаҳри Хуҷанд дахолати мустақим мекунанд, вале қозии додгоҳ ин амалкарди масъулони боздоштгоҳро нодида мегирад.
Хонуми Воҳидова, дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт: “Мо аз қозӣ тақозо кардем, идомаи муҳокимаи парванда дар додгоҳи шаҳр гузарад, на ин ки дар бинои боздоштгоҳи муваққатӣ. Мо ҳамарӯза барои ворид шудан ба ин бино аз сӯйи маъмурони боздоштгоҳ мавриди ҷустуҷӯйи шадид қарор мегирем, ки ин барои мо таҳқир аст.”
Ин дар ҳолест, ки ҳануз маълум нест, оё бидуни ширкати вукалои мудофеъ муҳокимаи парвандаи ҷиноии Тошев ва Ризоев дар боздошгоҳи муваққатӣ идома меёбад ё хайр?
Аммо хонуми Воҳидова мегӯяд: “Бигузор дар идомаи муҳокима таъйиноти хусусӣ бароранд ва рӯзи муҷоззотро монанд ва ҳатто дар назди Шӯрои вукалои мудофеъ масъалаи аз фаъъолият барканор кардани мо матраҳ шавад, вале мо қатъиян ба хулосае омадем, ки дар ин муҳокима ширкат намекунем. Бигузор ҳуқуқи моро поймол накунанд.”
Ин вакили мудофеъ мегӯяд, ки дар қонун омадааст, ки муҳокимаи додгоҳӣ бояд дар толори додгоҳ гузарад, на ин ки дар толори боздоштгоҳи муваққатӣ доир шавад.
Хонуми Воҳидова мегӯяд, ки рӯзе қабл дар нишасти матбӯъотӣ дар шаҳри Хуҷанд зимни эъломи тасмими хеш аз худдорӣ аз ширкат дар идомаи муҳокимаи додгоҳӣ, ҳамчунин навореро, ки дар он бадани аз зарби шиканҷа ҷароҳат бардоштаи Садриддин Тошев, яке аз муваккилони ӯ нишон дода шудааст, дар ихтиёри хабарнигорон гузоштааст.
Ба гуфтаи вуклаои мудофеъи Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев, яке аз аҳдофи масъулони зидахл аз доир кардани парвандаи муваккилонашон дар паси дарҳои баста, “аз мардум махфӣ нигаҳ доштани воқеъиятҳоест, ки дар зиндонҳо мегузарад, пӯшида нигоҳ доштани шиканҷа аст.”
Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев дар соли гузашта аз Душанбе ба зиндони шаҳри Хуҷанд мунтақил шуда буданд ва ҳоло бо иттиҳоми “додани гувоҳии бардурӯғ” ва “номураттаб сохтани фаъъолияти муасисаи ислоҳӣ” муҳокима мешаванд.
Қарор буд ин зиндониён дар ҷараёни муҳокимаи парвандаи марбут ба марги Ҳамза Икромзода, ки соли гузашта дар зиндоне дар Душанбе ҷон дод, алайҳи маъмурони зиндон мабнӣ бар даст доштани онҳо дар шиканҷаи Ҳамза Икромзода шаҳодат бидиҳанд.
Аммо онҳо аз Душанбе ба боздоштгоҳи вилояти Суғд мунтақил шуда ва дертар гузоришҳое дар бораи мавриди шиканҷа қарор гирифтани онҳо дар боздоштгоҳи Хуҷанд интишор ёфт.
Дар наворе видиюӣ, ки дирӯз дар нишасти матбӯъотӣ пахш шуд, қаблан тавассути интернет мунташир шуд ва дар он гурӯҳе аз маҳбусон захмҳои худро дар баданашон нишон медиҳанд ва мегӯянд, ки он осори лату кӯби маъмурони интизомӣ дар боздоштгоҳ аст.
