Нигаронии Афви Байналмилал аз сарнавишти зиндониёни шокӣ аз шиканҷа

  • 2 Октябр, 2013
Amnesty International
Image caption Афви Байналмилал менависад, гарчӣ аксаре аз манобеъ зимни суҳбат дар мавриди шиканҷа хостори фош нашудани ҳуввияти хеш мешаванд, вале ҳанӯз афроде ҳастанд, ки ба таври ошкор дар ин бора суҳбат мекунанд

Афви Байналмилал бо пахши баёнияе аз идомаи шиканҷа шудани боздоштшудагон ва зиндониён дар Тоҷикистон аз сӯйи кормандони интизомӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Масъулони ин созмон гуфтаанд, аз моҳи июли соли равон то имрӯз, яъне замони пахши гузориши Тоҷикистон дар мавриди таъаҳҳудоти ин кишвар барои ҳимояти ҳуқуқи инсон ҳадди ақал чаҳор нафар аз афроди боздоштшуда ва зиндониён, аз ҷумла як ноболиғ аз сӯйи кормандони интизомӣ ва маъмурони зиндонҳо шиканҷа шудаанд.

Дар ин баёния ки баъд аз зӯҳри рӯзи сешанбеи 1-уми октябр пахш шуд, омадааст, ки тибқи иттилоъи манобеъи муътамад, аз ҷумла намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва ду вакили мудофеъ, ду нафар аз шиканҷашудагон водор ба бозпас гирифтани шикоёти худ шудаанд.

Афви Байналмилал ҳуввияти ин ду нафарро бо мулоҳизоти амниятӣ ифшо накарда, аммо навишта, ки ду нафар то ҳоло дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар бурда ва ҳамчунон шиканҷа мешаванд.

Рӯзи 30-уми сентябри соли равон як ҳуқуқдон ба таври сиррӣ ба намояндагони созмон хабар додааст, ки ин ду зиндонӣ бовар надоранд, ки дар сурати идомаи шиканҷа ҷон ба саломат бибаранд.

Афви Байналмилал дар идома менависад: “Масъулони Вазорати умури дохила, Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ва идораи умури зиндонҳои ин кишвар натанҳо барои эътирофи ҷурм аз шиканҷа истифода мекунанд, балки тавассути шиканҷа касонеро, ки ҷуръат доранд аз онҳо шикоят бибаранд, сокит месозанд. Интизомиён аз ин наҳва худро аз имконимуҷозот барои шиканҷа ва бадрафторӣ эмин медоранд.”

Ин иқдоми масъулони ниҳодҳои интизомӣ мунҷар ба қазоватҳои ғайриодилона дар додгоҳ шуда ва бисёре аз шоҳидону қурбониён маҷбур ба додани шавоҳиди нодуруст алайҳи худ ва ё дигарон мешаванд ва ё аз додани шавоҳиди сиҳат дар мавриди масъулони ин ниҳодҳо (кормандони интизомӣ) худдорӣ мекунанд.

Афви Байналмилал менависад, гарчӣ аксаре аз манобеъ зимни суҳбат дар мавриди шиканҷа хостори фош нашудани ҳуввияти хеш мешаванд, вале ҳанӯз афроде ҳастанд, ки ба таври ошкор дар ин бора суҳбат мекунанд.

Ин созмон ба истинод ба Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеъ ибрози нигаронӣ кардааст, ки иддае аз зиндониён ба хотири додани шавоҳид алайҳи кормандони интизомӣ дар додгоҳ, бо хатари интиқоми онҳо рӯбарӯ ҳастанд.

Ин созмон менависад, қозии додгоҳ дархости ин афродро барои таъмини амнияташон дар баробари мақомоти зиндонҳо пас аз додани чунин шавоҳид, нодида гирифтааст.

Ин созмони мудофеъи ҳуқуқи инсон ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад ин афрод ба унвони "муҷозот барои шикоят" барои се моҳ ба утоқҳои инфиродӣ равона шаванд.

Масъулони зирабти давлатӣ дар нишастҳои мухталиф истифодаи густарда аз шиканҷаро дар муассисоти баста инкор мекунанд, вале мегӯянд, ки чунин ҳаводис нудрат иттифоқ меуфтад.

Зимнан, Савриниссо Бачаҷонова, ҳамсари Исмоъил Бачаҷонов, ки дар яке аз зиндонҳои ин кишвар дар асари шиканҷа даргузашта буд, дар соли 2012 дар пайи як мусолеҳаи додгоҳӣ розӣ шуд дар ивази дарёфти 30 қаромат барои марги шавҳараш дар зиндон шикояти худ алайҳи Вазорати адлияи Тоҷикистонро пас бигирад.

Дар фасли баҳори соли 2013 додгоҳи Исмоъили Сомонии пойтахти Тоҷикистон яке аз кормандони зиндони шумораи яки ин шаҳрро дар марги Ҳамза Икромзода дар зиндон муқассир донист ва ба панҷ сол маҳкум ба зиндон кард.

Матолиби муртабит