Муҷозоти кормандони пулиси Исфара баъд аз қазияи Тоҷиев

  • 6 Ноябр, 2013
Рамазон Раҳимов
Image caption Рамазон Раҳимов иддае аз кормандони пулис дар шаҳри Исфараро барои нақзи низомномаи пулис муҷозот кардааст

Вазири умури дохилаи Тоҷикистон иддае аз кормандони бахши ин вазорат дар шаҳри Исфараи вилояти Суғдро барои нақзи низомномаи пулис муҷозот кардааст.

Ҳамчунин, тавре ки дар сойти расмии ин вазорат омадааст, Рамазон Раҳимов, раҳбари ин ниҳод, ҳамаи кормандони пулис дар саросари кишварро ҳушдор додааст, ки даст ба нақзи қонун назананд.

Дар иттилоъияи ин вазорат, ки рӯзи чаҳоршанбеи 6 ноябр пахш шуд, омадааст, ки ин тасмими оқои Раҳимов ба дунболи боздошти Умедҷон Тоҷиев ва воқеъаи аз табақаи сеюми боздоштгоҳи шаҳри Исфара ба зер уфтодани вай баъд аз анҷоми таҳқиқоти дохилии ин воқеъа сурат гирифтааст.

Умедҷон Тоҷиев шаби шанбеи 2 ноябр аз табақаи сеюми боздоштгоҳи ин шаҳр ба зер уфтода ва шадидан ҷароҳат бардошта буд.

Ҳарчанд вазорати умури дохила расман ҳувияти кормандони пулисро, ки муҷозот шудаанд, эълом накарда, вале дар ин иттилоъия омадааст: “Тибқи хулосаи санҷиши хидматӣ, барои дағалона вайрон намудани талаботи низомномаҳои Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне зоҳир намудани бемасъулиятӣ нисбат ба иҷрои вазифаҳои хидматӣ, ки боъиси ҷаҳидани дастгиршуда Тоҷиев У.И, аз тирезаи бинои ШВКД гардидааст, кормандони масъули ШВКД-1 дар шаҳри Исфара то ба аз вазифа озод намудан ба ҷазоҳои гуногуни интизомӣ кашида шуданд.”

Ин дар ҳолест, ки рӯзи сешанбеи 5 ноябр шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки Умедҷон Тоҷиев, узви фаъъоли он будааст, зимни пахши як баёния аз мақомоти ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон тақозо карда буд, то ин қазияро “одилона таҳқиқу тафтиш” кунанд.

Ҳамчунин, ҲНИТ аз Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хостааст, ки аз шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва беъадолатиҳо дар рафти бозрасӣ ҷилавгирӣ кунад.

Маъмурони пулис Умедҷон Тоҷиеви 34-сола, сокини рустои Чоркӯҳи ноҳияи Исфараро, рӯзи панҷшанбеи 30 октябр ба занни тахаллуфи идорӣ (ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ), яъне, “итоъат накардан ба амри корманди пулис” боздошт карданд. Додгоҳи шаҳри Исфара ӯро ба муддати 10 рӯз ба ҳабси идорӣ маҳкум кардааст.

Ҳамакнун, пулис алайҳи оқои Тоҷиев иттиҳоми дигареро тибқи моддаи 187, қисми дуи Қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне мушорикат дар созмони ҷиноӣ ворид кардааст.

Дар ҳамин ҳол, дар гузашта низ дар Тоҷикистон воқеъаҳои мушобеҳе дар биноҳои пулис рух дода буд, ки ба дунболи он масъулони пулис ба додгоҳ кашида шуда буданд.

Дар моҳи октябри соли 2011 Баҳромиддин Шодиеви 28-сола, як сокини шаҳри Душанбе, баъд аз боздошт аз сӯйи маъмурони пулис дар бинои шуъбаи умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансур ҷароҳат бардошта ва сипас дар бемористони шаҳр даргузашт.

Пулис гуфта буд, ки оқои Шодиев аз панҷараи бино худро ба зер андохтааст, вале пайвандони вай гуфтанд, ки ӯ бар асари лату кӯби шадиди маъмурони пулис ҷони худро аз даст дод.

Дар он замон Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, чанд нафар аз кормандони ин ноҳияро аз вазоифашон озод кард ва яке аз бозрасон ба додгоҳ кашида шуда буд.

Матолиби муртабит