Тоҷикистон: Боздошти 31 узви гурӯҳҳои тундрав дар шаш моҳ

Вазири умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти 31 нафар аз аъзои гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ хабар дод.
Рамазон Раҳимов рӯзи ҷумъаи 19 июл дар як нишасти матбӯъотӣ гуфт, ки чаҳор тан аз ин афрод аз аъзои гурӯҳҳои тарафдори Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба "Мулло Абдулло", ҳастанд, ки ба занни иртикоби беш аз 10 ҷурм боздошт шудаанд.
Абдулло Раҳимов аз раҳбарони гурӯҳҳои пайкорҷӯйи мухолифи давлат буд, ки баҳори соли 2011 дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, кушта шуд.
Вай дар замони ҷанги дохилии солҳои 1992-97 аз раҳбарони умдаи шибҳинизомиёни исломгарои мухолифи давлат ба шумор мерафт, ки созишномаи сулҳ дар соли 1997-ро напазируфт.
Мақомоти Тоҷикистон Мулло Абдуллоро ба ҳамла ба комюнҳои низомӣ дар дараи Камароб дар пойизи соли 2010 , ки ба марги 26 низомӣ анҷомид, муттаҳам карда буданд. Бо гузашти ду сол аз кушта шудани вай пулис дубора аз боздошти тарафдорони вай иттилоъ медиҳад.
Вазири кишвари Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки дар ним соли гузашта 12 узви Ҷунбиши исломи Узбакистон ва 11 узви Ҷамоъати Ансоруллоҳ дар қаламрави ин кишвар боздошт шудаанд.
Ҷунбиши Исломии Узбакистон аз гурӯҳҳои тундрави исломӣ ва муртабит бо Алқоъида ва Толибон аст, ки дар манотиқи шимоли ғарби Покистон ва шарқи Афғонистон мустақар аст ва алайҳи нерӯҳои омрикоӣ ва НОТУ меҷангад.
Ин гурӯҳ барандозии режимҳои секулор дар Осиёи Миёна, бавижа давлати Ислом Каримов дар Узбакистон, ва барпоии давлатҳои исломӣ дар минтақаро аз аҳдофи худ медонад.
Ҷамоъати Ансоруллоҳ низ аз гурӯҳҳои муртабит бо Ҷунбиши Исломии Узбакистон ва Толибон маҳсуб мешавад. Аъзои ин гурӯҳ дар гузашта бо судури баёнияҳое видиюӣ, ки дар Ютюб мунташир шуд, мардумро алайҳи низомҳои секулор дар минтақаи Осиёи Миёна ба ҷиҳод фаро хонда буданд.
Рамазон Раҳимов ҳамчунин хабар дод, ки дар миёни афроди боздоштшуда се узви гурӯҳи мавсум ба Ҷундаллоҳ низ ҳастанд. Боздошти аъзои ин гурӯҳ дар Тоҷикистон бесобиқа аст.
Зимнан ду гурӯҳи муртабит ба Алқоъида дар Покистон ва Эрон бо номи Ҷундаллоҳ вуҷуд дорад, ки ҳарду ҳам ба анҷоми шуморе аз амалиёти теруристӣ дар ин кишварҳо муттаҳам шудаанд.
Аз ҷумла, гурӯҳи Ҷундаллоҳ, ки дар устони Систон ва Балучистони Эрон фаъъол аст, масъули як ришта амалиёти хушунатомез дар шарқи Эрон дар панҷ соли ахир шинохта шудааст. Давлати Эрон дар гузашта борҳо таъкид карда буд, ки мақарри гурӯҳи Ҷундуллоҳ дар Покистон аст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аъзои ин гурӯҳҳо дар урдӯгоҳҳои теруристӣ дар Афғонистону Покистон омӯзиш дида ва ба Осиёи Миёна фиристода шудаанд.
Зимнан, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ ахиран дар ҷараёни мулоқоташ бо фарҳангиёну рӯҳониюн аз афзоиши ифротгароӣ ва пайвастани шаҳрвандони ин кишвар ба гурӯҳҳои тундрави исломӣ изҳори нигаронӣ карда буд.
Вай аз ҷумла гуфт: "Тибқи маълумот, имрӯз беш аз 80 хонавода, аз ҷумлаи шаҳрвандони мо дар минтақаи Вазиристони Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доранд. Шумо мақсади ба он ҷо рафтани одамонро хуб медонед."
Аммо ҷомеъашиносон мегӯянд фақру фасоди густарда ва норизоятии сиёсӣ далели аслии пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва тундрави мазҳабӣ дар Тоҷикистон шудааст.
Дар ҳоле ки мақомоти тоҷик тайи ду соли ахир дастрасӣ ба бисёре аз сойтҳои хабариро масдуд кардаанд, сойтҳои муртабит ба гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар Тоҷикистон қобили дастрасист.
