Боздошти як сокини Рӯдакӣ ба занни қатл ва сирқат

  • 10 Июн, 2013

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳумаи шаҳри Душанбе дар занни қатли фаҷеъи як сокини пойтахт хабар додааст.

Бар асоси иттилоъи сойти ин вазорат, ин сокини 23 солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба хотири сирқати утумубил даст ба содир кардани ин ҷурм задааст. Пулиси тоҷик мегӯяд, ки дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 104 қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне куштор, парвандаи ҷиноӣ боз карда ва таҳқиқоти онро идома медиҳад.

Бар асоси таҳқиқоти муқаддамотии пулис Ф.М, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, рӯзи шанбеи 7 июн дар бозори фурӯши мошинҳо, ки дар ҷануби ин шаҳри Душанбе дар минтақаи мавсум ба Гипрозем воқеъ аст, бо як сокини 52 солаи шаҳр тавофуқ кардааст, ки мошини ӯро харидорӣ хоҳад кард.

Сипас, вай 400 дулор ба ин сокин пардохт карда ва утумубилро ба номи худ сабт мекунаду бо баҳонаи пардохти пули боқимонда ин сокини 52 соларо савори мошин карда ва ба сӯйи ноҳияи Ҳисор мебарад.

Аммо тавре, ки кормандони ин вазорат мегӯянд, дар роҳ Ф.М бо истифода аз оҳан соҳиби мошинро кушта ва ҷасади ӯро дар мазореъе дар рустои Пахтаободи ноҳияи Турсунзода партофтааст. Кормандони пулис ин фарди муттаҳам дар қатлро дар ҷараёни як амалиёти вижае боздошт кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар авоили моҳи май пулис аз ҳодисаи қатл як хонавода ба манзури сирқати амволи онҳо дар вилояти Суғди Тоҷикистон хабар дода буд.

Бино ба иттилоъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, субҳи якшанбеи 2 июн, афроди номаълуми мусаллаҳ ба манзури роҳзанӣ ва ғорат вориди манзили Аҳмадхӯҷа Бобоев, сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шуда ва ӯ, хонумаш ва ду фарзанди ноболиғи ин хонаводаро ба зарби мусалсали Калашников куштаанд.