Қатли як зан аз сӯйи ҳамсараш дар вилояти Суғд

  • 15 Июл, 2013

Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз қатли як зан дар вилояти Суғд, дар шимоли ин кишвар хабар додаанд.

Бино ба иттилоъи сойти расмии ин вазорат, Неля Зариповаи 40 соларо шавҳараш шадидан лату кӯб карда ва дар натиҷа вай ҷонашро аз даст додааст.

Дар хабари ин сойт, ки рӯзи душанбеи 15 июл пахш шудааст, омадааст, ки кормандони пулис Музаффар Зарипови 42 соларо боздошт ва алайҳи ӯ тибқи моддаи 104 қонуни кайфарии Тоҷикистон, яъне қатл парвандаи ҷиноӣ боз ва таҳқиқоти онро идома медиҳанд.

Масъулони ин вазорат мегӯянд, ки оқои Зариповро дар ҷараёни як амалиёти вижаи кормандони пулис боздошт кардаанд ва пулис мегӯяд, ки ангезаи ин қатл аз даъваои хонаводагии ин завҷ будааст.

Ҳафтае қабл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон низ миёни як завҷ низоъе сар зад, ки мунҷар ба шадидан захмӣ шудани зан шуд. Дар ин ҳодиса шавҳар ҳамсари худро бо ҷоқу захмӣ карда буд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони ниҳодҳои интизомӣ мегӯянд, ки сабаби аслии аксари ҷароими мурбут ба қатл дар Тоҷикистон даъвоҳои хонаводагӣ будаанд.

Рӯзи 3 июли соли ҷорӣ дар асари даъвои хонаводаи Қосимовҳо дар вилояти Суғд падари 72 сола писари 42 солаи худро бо зарби ҷоқу захмӣ карда буд.