Нигаронии шаҳрдорӣ аз сатҳи ҷароим дар миёни навҷавонон

  • 24 Апрел, 2013
Чоқу
Image caption Бархе аз даъвоҳои мактаббачогон дар пойтахт ба мактабҷангҳои хунин табдил мешаванд

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, маъмурони интизомӣ ҳар моҳ бо сокинони кишвар аз ҷумлаи волидони фарзандони навҷавон, омӯзгорон ва худи ҷавон дар навоҳии мухталифи шаҳр ҳамоишҳо баргузор кунанд.

Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии шаҳрдорӣ ин тасмим ба манзури коҳиши мизони ҷароим дар миёни навҷавонон дар пойтахт иттихоз шудааст.

Баъд аз зӯҳри 23-юми апрел нахустин ҷаласаи мавриди назар бо ширкати масъулони шаҳрдорӣ дар “Маркази кӯдакон ва навҷавонон”-и шаҳр баргузор шудааст.

Сухангӯйи шаҳрдорӣ мегӯяд, чунин мулоқотҳо бо дастури Маҳмадсайид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе баргузор мешаванд ва ҳадаф аз он пешгирии ҳар гуна ҷароим дар миёни навҷавонон ва бавижа шогирдони макотиби ҳамагонӣ будааст.

Дар ин мулоқотҳо намояндагони ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла додситонӣ ва пулис ширкат хоҳанд кард.

Дастури шаҳрдори Душанбе ба дунболи кушта шудани донишҷӯй аз сӯйи шогирди мактаби шумораи 37 шаҳр иттихоз мешавад.

Бар асоси иттилоъи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Сафарбек Ҳомидов, донишҷӯйи соли сеюми донишкадаи фаннии шумораи 67 шаҳри Душанбе дар натиҷаи як даъво аз сӯйи Шодмон Воҳидови 16-сола бо зарби корд ба қатл расидааст.

Пулис ангезаи даъво миёни навҷавононро эълом накардааст, вале таҳқиқи ин ҳодиса дар доираи парвандаи ҷиноӣ идома дорад.

Ин нахустин ҳодисаи чоқукашӣ дар шаҳри Душанбе дар миёни ноболиғон, ки мунҷар ба марги яке аз онҳо мешавад, набудааст.

Дар рӯзи таҷлил аз таҳвили соли нави мелодӣ дар 31 декабри соли 2011 дар задухӯрди мушобеҳе дар Душанбе, Парвиз Давлатбекови 24-сола аз сӯйи иддае аз ноболиғон ва ҷавонон мавриди зарбу шатм қарор гирифта, шадидан захмӣ шуд ва баъд аз як рӯз дар бемористон ҷон дод.

Ба гуфтаи сокинони шаҳр задухӯрдҳо миёни ноболиғон дар бархе аз хиёбонҳои шаҳр, ки дар он ҷавонон аз чоқу ва анвоъи дигари силоҳи сард истифода мекунанд, зуд-зуд ба мушоҳида мешавад.

Аксари ин задухӯрдҳо дар натиҷаи даъвои ду шогирди макотиби мухталиф сар зада ва бо муҳорибаҳои тамомайёр байни мактабҳо меанҷомад.

Ин вазъ танҳо мояи нигаронии масъулони шаҳрдории Душанбе нест. Намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар нишасте дар робита ба лату кӯб шудани муъовини раҳбари ин ҳизб афзоиши мизони ҷароим миёни ноболиғон дар Тоҷикистонро падидаи номатлуб хонданд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб бо таваҷҷуҳ ба ин нукта ба порлумон пешниҳод кардааст, ки вазири умури дохилаи Тоҷикистон дар мавриди вазъи ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ба порлумон гузориш бидиҳад.

Матолиби муртабит