Даъвати вазорати кишвар барои таҳсили интизомӣ дар Туркия

  • 5 Август, 2013

Вазорати кишвари Тоҷикистон дар сойти расмии худ барои алоқамандони таҳсили интизомӣ дар Туркия озмун эълом кардааст.

Дар ин сойт омадааст, ки афроди баранда дар ин озмун тибқи қарордоди миёни Вазорҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Туркия дар Фарҳангистони Пулиси Туркия таҳсил хоҳанд кард.

Танҳо шароити ширкат дар ин озмун донистани ҳатмии забони туркӣ ва вазъи хуби саломатӣ унвон шудааст. Ҳамчунин довталабон бояд санади таъйидкунанда дар бораи он пешниҳод кунанд, ки аъзои ҳеҷ ҳизбе набуда ва дар додгоҳ муҳокима нашудаанд.

Вазорати кишвари Тоҷикистон эълом кардааст, ки алоқамандони ширкат дар ин озмун бояд асноди худро ба сафорати Туркия дар Душанбе супоранд.