'Дурбинҳои мадорбаста дар мубориза бо теруризм кумак хоҳанд кард'

Масъулони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳадафи аслӣ аз насби дурбинҳои мадорбаста дар хиёбонҳои шаҳри Душанберо мубориза бо теруризм ва ҷароим дар пойтахти Тоҷикистон унвон карданд.
Ҳамчунин тавре, ки муъовини вазири ин ниҳод гуфт, ҳадафи дигар аз истифода аз ин фановарии ҷадид, ҷилавгирӣ аз нақзи қонуни ҳаракат дар роҳ будааст.
Нигаронӣ аз сонеҳаҳо
Насби дурбинҳо бар асоси тарҳе зери унвони "Шаҳри бехатар" ҳудуди даҳ моҳи қабл шурӯъ шудааст. Саид Ҷӯрахонов рӯзи сешанбеи 17 сентябр дар нишасти матбӯъотии масъулони идораи бозрасии давлатии утумубилии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ба ҷуз аз мубориза бо теруризм ва ҷароими созмонёфта, ки "шаст дарсади ҳадаф аз насби ин дурбинҳо аст", ин дурбинҳо тахаллуфоти ронандагӣ дар ҷоддаҳои шаҳр Душанберо сабт кунад.
Зеро оқои Ҷӯрахонов бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши мавориди нақзи қавонуни ҳаракат дар роҳҳо гуфт: “Дар соли ҷорӣ дар роҳҳои Тоҷикистон 986 мавриди қонуншиканӣ рух дода ва дар 317 сокини кишвар дар сонеҳаҳо ҷон додаанд, ки шумори фавтидагон дар муқоиса ба даврони мушобеҳи соли гузашта даҳ нафар зиёд будаанд.”
Муъовини вазири умури дохила ҳамчунин мегӯяд, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ як ҳазору 97 нафар аз сокинони ин кишвар дар роҳҳо дар асари сонеҳаҳо захмӣ шудаанд.
Вай мегӯяд, ки аксари ин сонеҳаҳо дар шаҳри Душанбе рух дода ва ӯ афзуд, ки насби дурбинҳо дар роҳҳои пойтахт ва мавриди истифодабарӣ қарор додани он метавонад, ба таври қобили мулоҳиза аз қонуншиканиҳо дар роҳҳо ҷилавгирӣ кунад.
Мувофиқа дар мавриди насби дурбинҳои мадорбаста дар чаҳорчӯби пружаи "Шаҳри бехатар" баъд аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо Омӣ Лин, муъовини раиси ширкати чинии "Ҳуовей" дар дека,ри соли 2012 ба даст омад.
Дувоздаҳ дарвозаи "Шаҳри бехатар"
Ҳазинаи ин тарҳ 22 милюн дулор буда ва ин маблағро давлати Чин ба Тоҷикистон вом додааст. Дар насби ин дурбинҳо мутахассисони чинӣ ва тоҷикистонӣ саҳм доштанд. Масъулони ширкати чинӣ шеваи кор бо дурбинҳои мадорбастаро ба мутахассисони пулиси роҳи Тоҷикистон омӯзиш доданд.
Улуғбек Мусоев, раиси бахши фаннии ширкати чинии "Ҳуовей", ки дар ин нишаст шеваи истифода аз ин дурбинҳо ва фановарии кумакунандаи онро ба ҳозирин муъаррифӣ мекард, мегӯяд, ки бар асоси тарҳи "Шаҳри бехатар" дар ҷоддаҳо ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе 855 дурбини мадорбаста насб шуд.
Оқои Мусоев афзуд: “Ин дурбинҳо бар ҳаракати утумубилҳо дар 70 чорроҳа дар шаҳри Душанбе, бархе аз биноҳҳои таҷаммӯъи мардум ва фурӯдгоҳу истгоҳҳо назорат хоҳанд кард.”
Вай афзуд, ки дурбинҳо дар сурате, ки шоҳиди таҷаммӯъи зиёде аз мардум ва ё рафторҳои хушунтомезе дар хиёбонҳо мешаванд, 30 нафар аз гардонандаҳое, ки дар маркази вижа ба монитурҳои онҳо назорат мекунанд, иттилоъро ба кормардони зидахл дар ин маврид ироа мекунанд.
Ҳамчунин дурбинҳои мадорбаста дар 12 дарвозаи роҳҳои вурудӣ ба шаҳри Душанбе насб шуда ва тамоми васоилеро, ки аз ин роҳҳои вурудӣ ба пойтахт ворид мешаванд, сабт хоҳанд кард.
Маҳмадсаид Саидов, раиси пулиси роҳи Тоҷикистон мегӯяд, дурбинҳо фаъъолияти кормандони пулисро дучанд осон мекунанд. Вай афзуд, ки дар сурати рух додани сонеҳае ва ё нақзи қонуни роҳ аз сӯйи ронандае забтҳои ин дурбинҳо исботи аслӣ хоҳанд буд.
Ӯ афзуд: “Мо саъй мекунем, ки то моҳи октябр истифода аз ин дурбинҳоро оғоз кунем.”
Бим аз эътирозоти мардум
Дар ҳоле, ки масъулони пулис насби дурбинҳо ва истифода аз онро як иқдоме барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва назорат бар риъояи тартиботи ҷамъиятӣ унвон мекунанд, бархе аз коршиносон мегӯянд, ки насби ин дурбинҳо дар хиёбонҳо барои назорат бар вазъи иҷтимоъӣ ва саркӯби эътирозоти эҳтимолӣ барои давлат аз аҳаммият холӣ нест.
Иддае аз сокинони шаҳри Душанбе бо ишора ба дурбинҳое, ки ҳоло дар бархе аз хиёбонҳои шаҳр ба назар мерасанд, ин иқдом давлатро навъе дахолат ба ҳарими хусусии худ медонанд.
Васила, як сокини Душанбе муътақид аст, ки давлати феълӣ аз ин роҳ мехоҳад ҳама гуна рафтор ва аъмоли рӯзмарраи душанбегиҳоро таҳти назорат қарор бидиҳад.
Ӯ меафзояд, дар осотонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мақомоти ниҳодҳои интизомӣ аз даст задани мардум дар Тоҷикистон ба эътирозот бим доранд ва яке аз ҳадафҳои аслӣ аз гузоштани дурбинҳо назорати онҳо ба мардум аст.
Бо ин вуҷуд иддае дигар аз сокинони шаҳр аз насби ин дурбинҳо хушнуд ба назар мерасанд. Як марде аз ҷумлаи сокинони пойтахт мегӯяд, насби ин дурбинҳо метавонанд, ҷилави ба гуфтаи ӯ “фарзандони бетарбияти” бархе аз мақомоти давлатиро, ки ба худ иҷоза медиҳанд, бархе авқот хиёбонҳои шаҳрро ба макони рақобатҳои ронандагии мошинҳои шик табдил медиҳанд, бигирад.
