"Танбеҳи" кормандони пулиси роҳ барои таъсиси постгоҳи “ғайриқонунӣ”

Вазорати кишвари Тоҷикистон чор корманди идораи бозрасии утумубилиро, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Кулоб, дар мавзеъи мавсум ба Олимтойи ноҳияи Восеъ худсарона посгоҳ таъсис дода ва дар онҷо машғули бозрасии мадорики ронандагон будаанд, муҷозот кардааст.
Дар сойти ин вазоратхона омадааст, ки рӯзҳои 6 ва 7 август пулиси роҳ дар ин қисмати роҳ "бидуни мувофиқа бо раҳбарияти вазорати умури дохила" посгоҳ таъсис дода ва "безарурият боздошт намудани воситаҳои нақлиёт" дар ин посгоҳ боъиси таҷаммӯъи миқдори зиёде аз мошинҳо шудааст.
Ин амр боис шуд, ки роҳбарияти вазорат ба Абдулвоҳид Искандаров, раиси бахши идораи бозрасии утумубилии ноҳияи Кӯлобро, ки ҳамзамон муъовини раиси ин бахш дар вилоят аст "танбеҳ" кунад.
Гузориш афзудааст, ки Дилшод Фозилов, раиси бахши ин идора дар вилояти Хатлон, ки масъулияти назорат ба минтақаи Кӯлобро доштааст, низ "танбеҳ" шудааст. Ҳамин тавр ду корманди дигари пулиси роҳ, ки дар посгоҳи мавриди назар фаъъолият карданд, низ "танбеҳ" гирифтарнд.
Соҳибнахарон ин амрро барои ҷилавгирӣ аз фаъъолиятҳои худсаронаи пулиси роҳ, ки аз онҳо зиёд интиқодҳо мешавад муфид арзёбӣ мекунанд.
Ҳарчанд дар хабари сойти вазорат дар мавриди “пулситонии” ин кормандони пулис иттилоъе пахш нашудааст, вале гумон меравад, ки яке аз аҳдофи пулис барои таъсиси посгоҳ ситонидани пул аз ронандагон баҳангоми расидагӣ ба мадорикашон бошад. Зеро аксари ронандагони масири роҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ мегӯянд, онҳо ҳамеша барои пардохт ба кормандони пулис дар постгоҳҳои "қонунӣ" дар ин масир аз 20 то 30 сомонӣ маблағро дар назар мегиранд.
Ба гуфтаи яке аз ин ронандагон ӯ ҳатто дар сурати нақз накардани қонуни ҳаракати роҳ дар ҳар як постгоҳи пулис аз ду то панҷ сомонӣ пардохт мекунанд.
Ҳарчанд мавориди муҷозоти кормандони пулиси тоҷик ахиран бештар мушоҳида мешавад, аммо бисёре аз коршиносон мегӯянд, барои тағйири комили ин вазъ барои пулситонӣ дар роҳ бояд муҷозоти сангинтаре дар назар гирифта шавад.
Масалан бархе ҳуқудонҳо мегӯянд, кормандони пулисе, ки ахиран барои таъсиси худсаронаи постгоҳ дар роҳ танбеҳ шуданд, бояд тибқи моддаҳои 314т ва 316 қонуни ҷазои Тоҷикистон, яъне сӯйистифода аз мансаб ва баромадан аз ҳадди салоҳият муҷозот мешуданд.
Вале Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони саршинос дар Тоҷикистон мегӯяд, фаъъолияти мунсифонаи пулис дар кишвар замоне таъмин хоҳад шуд, ки фасоди молӣ аз миён биравад ва истихдоми кормандони пулис бо таваҷҷуҳ ба маҳорат ва дониши онҳо анҷом гирад.
Аз сӯйи дигар ночиз будани маъоши моҳиёнаи пулиси роҳ дар Тоҷикистон яке аз сабабҳои дигари даст задани онҳо ба пулситонӣ дар роҳ маҳсуб мешавад.
