Рамазон Раҳимов таҳқиқоти қатл дар Файзободро назорат хоҳад кард

Бо дастури женерол Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон барои таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба шуъбаи "Агроинвестбонк" дар ноҳияи Файзобод, ки дар он як масъули ин вазорат кушта шудааст, гурӯҳе вижа таъсис ёфтааст.
Пулиси Тоҷикистон ду рӯз пас аз рух додани ин ҳодиса дар ин бора иттилоъеро мунташир кард.
Вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқот барои пайдо кардани афроди муқассир дар ҳамла ба шуъбаи "Агроинвестбонк" дар ноҳияи Файзобод ва қатли як корманди ин вазорат идома дорад.
Бар асоси иттилоъи пулис ҷараёни таҳқиқоти ин қазия таҳти назорати мустақими вазир хоҳад буд. Пулис дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаҳои 104 қисми 2 ва 249 қисми 4, яъне қатл ва сирқат, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Тибқи иттилоъи вебсойти Вазорати дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи сешанбеи 9 июл пахш шуд, афроди муҳоҷим ба бонк, натавонистаанд, сармояи маҳфуз дар говсандуқи бонкро ба сирқат баранд.
Бар асоси ин иттилоъ маъмури кушташудаи пулис Раҳмонхӯҷа Шерализода ном дошт ва афроди муҳоҷимон ӯро тавассути туфанги хидматиаш ба қатл расонда ва ин аслиҳаро бо худ бурдаанд.
Ҳодисаи ҳамла ба шуъбаи "Агроинвестбонк"-и ноҳияи Файзобод, воқеъ дар 60-килуметрии шарқи шаҳри Душанбе баъд аз зуҳри рӯзи якшанбеи 7-июл рух дод.
Дар солҳои ахир чанд ҳодисаи мушобеҳ, яъне ҳамлаи гурӯҳӣ ба муассисоти пулӣ дар кишвар бо ҳадафи сирқати пул рух додааст, ки ҳаводиси камсобиқа дар кишвар маҳсуб мешаванд.
Аз ҷумла дар яке аз чунин ҳаводис дар моҳи октябри соли 2012, Азамат Бӯриев, масъули бахши молии як ширкати туркии “Сомониёнтрейдинг” дар шаҳри Душанбе ба зарби чоқу кушта шуда буд.
Он замон афроди муҳоҷим миқдоре аз сармояи ин ширкатро ба сирқат бурда буданд.
Ҳарчанд вазорати умури дохила дар робита ба ин ҳодиса таҳқиқотеро анҷом дода буд, вале гуфта мешавад, ки то ҳол пулис ҳувияти афроди муқассир дар ин қатлро ифшо накардааст.
Дар соли 2009 дар маркази интиқоли пули бонки "Эсхата", воқеъ дар маркази шаҳри Қурғонтеппа ду ниқобпӯш вориди ин марказ шуда ва аз тариқи таҳдиду зӯр бо навори искоч даҳони ҷавондухтари масъулро баста ва аз хазина маблағи се ҳазор дулор ва 100 ҳазор рубли русиро ба сирқат бурда буданд.
