Ҳамла ба шуъбаи "Агроинвестбонк" дар ноҳияи Файзобод
Дар ноҳияи Файзобод, воқеъ дар 60-килуметрии шарқи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар асари ҳамлаи як гурӯҳи номаълум ба шохае аз "Агроинвестбонк" нигаҳбони ин ниҳод кушта шудааст.
Тавре, ки хабаргузории "Asia-Plus" бо истинод ба сокинони сохтмонҳои маскунии наздик ба бинои шуъбаи ин бонк дар ин ноҳия менависанд, ҳодисаи ҳамлаи афроди номаълум ба шуъбаи ин бонк баъд аз зуҳри рӯзи якшанбеи 7 июл рух додааст.
Пулиси тоҷик ҳанӯз дар мавриди ин ҳодиса расман иттилоъе пахш накардааст, вале шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки шумори зиёде аз кормандони пулис аз дирӯз ба хиёбонҳои ноҳияи Файзобод рехта ва ҳодисаи ҳамла ба ин шуъбаи бонк дар ноҳияро таҳқиқ мекунанд.
Ҳамчунин то ҳол маълум набудааст, ки оё аз ин бонк пуле рабуда шудааст ё хайр. Аммо кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯянд, ки иттилоъе дар мавриди куштори нигаҳбони бонк дар Файзободро базудӣ дар ихтиёри хабарнигорон хоҳанд гузошт.
Ҳамчунин масъулони "Агроинвестбонк" низ дар бораи ин ҳодиса то навишта шудани ин матлаб вокунише накарда буданд.
Ин дар ҳолест, ки дар даҳаи ахир ноҳияи Файзобод яке аз навоҳии нисбатан ором дар Тоҷикистон ба назар менамуд.
