Муттаҳам шудани ду марзбон дар марги Парвиз Вазирбеков

Додситонии низомии вилояти Бадахшон ду марзбон дар ноҳияи Дарвозро дар марги Парвиз Вазирбеков, як ноболиғи ин ноҳия муттаҳам карда ва ба ҳабс гирифтааст.
Маҳмадалӣ Бобоев, Раиси Додситонии низомии вилояти Бадахшон мегӯяд, тибқи таҳқиқоти муқаддамотӣ, Баҳриддин Пирматов ва Иззатҷон Ашӯрматов, ду сарбози воҳиди марзбонии ноҳияи Дарвоз дар сӯйиқасд ба содир кардани ҷиноят, сирқат ва истифодаи нодуруст аз мошинҳо ва нақзи муқаррароти ойинномаи (устав) хидматӣ муттаҳам шудаанд.
Оқои Бобоев ба Би-би-сӣ гуфт, ки ниҳоди онҳо дар ҳоли ҳозир машғули таҳқиқоти ин ҳодиса ҳастанд. Вай афзуд: “Ин тафтишоти (таҳқиқот) пешакӣ аст ва мо ҳоло ин ду сарбозро чун гумонбар ба ҳабс гирифтем. Онҳо дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Хоруғ ҳастанд.”
Оқои Бобоев ҳамчунин гуфт, ки таҳқиқи пизишки қонунии ҷасади ноболиғ мушаххас кардааст, ки Парвиз Вазирбеков бар асри масмумият аз маводди сӯхтӣ ҷони худро аз даст дода ва пизишкон дар бадани ӯ нишонаҳои марги иҷбориро пайдо накардаанд.
Оқои Бобоев афзуд, ки таҳқиқоти бозрасони ин ниҳод ҳокӣ аз он он будааст, ки Парвизи 14-сола, ба манзури дӯздидани маводди сӯхт ба қисми марзбонон даромадааст.
Ӯ афзуд, ки яке аз дӯстони Парвиз гуфтааст, ки Парвиз ба ӯ фармуда бошад, то барояш маҳзани 20 литра барои маводди сӯхт ва калиди вижа барои кушодани сарпӯши маҳзани маводди сухт дар қисмаи низомӣ биёрад.
Аммо Вазирбек Назриев, падари Парвиз ин иддаъоро рад карда ва мегӯяд писараш бо даъвати яке аз сарбозони марзбон ба он қисми низомӣ рафтааст.
Оқои Назриев аз ин сарбоз Баҳрулло ном бурда ва дар марги фарзандаш марзбононро муқассир медонад.
Оқои Назриев мегӯяд, ки фарзанди 14 солаи ӯ рӯзи якуми майи соли равон ба қисми марзбонии ноҳияи Дарвоз рафт ва дигар ба манзил бознагашт.
Ҷасади Парвиз Вазирбеков пас аз бист рӯз аз рудхона пайдо шуд.
Бархе аз манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки сарбозон ва афсарони марзбон дар ноҳияи Дарвоз маводди сухти мавҷуд дар ин қисми низомии худро гоҳе ба фурӯш мерасондаанд ва ё дар изои маводди ғазоӣ, телефунҳои ҳамроҳ ва ё кортҳои телефунӣ мубодила мекунанд.
Дар ҳамин ҳол масъулони нерӯҳои марзбони Тоҷикистон аз шарҳи ҳаводиси ахир дар қисми низомии ноҳияи Дарвоз худдорӣ мекунанд.
Хабарнигорони мустақил мегӯянд, пас аз даромадани нерӯҳҳои марзбонӣ таҳти раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, тамоси хабарнигорон бо масъулони марзбонӣ барои дарёфти шарҳу мусоҳиба мушкил шудааст.
