"Таҳқиқот марбут ба нопадид шудани як ноболиғ дар Дарвоз идома дорад"

Додситони низомии вилояти Бадахшони Тоҷикистон мегӯяд дар пайи нопадид шудани як навҷавон таҳқиқоти дар ягони марзбонӣ дар шаҳраки Қалъайихуми ноҳияи Дарвоз барои нақзи муқаррароти ойинномаи (устав) хидматӣ ҳанӯз ба натиҷа нарасидааст.
Парвиз Вазирбекови 14-сола, аз ҷумлаи сокинони ноҳияи Дарвоз буд, ки рӯзи 1 май нопадид шуд.
Маҳмадалӣ Бобоев мегӯяд, ки се марзбони тоҷик дар робита бо ин парванда мазнун дониста шуда ва бозпурсии онҳо аз сӯйи бозрасҳои додситонии низомӣ анҷом мегирад.
Оқои Бобоев, рӯзи душанбеи 6 май дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: “То анҷоми тафтишот (таҳқиқот) мо иттилоъоти бештареро наметавонем дар ихтиёри шумо гузорем. Фақат мегӯям, ки муфаттишон (бозрасон) таҳқиқотро барои нақзи асосномаи (ойинномаи) хидматӣ бавижа ҳангоми нигаҳбонӣ мебаранд.”
Оқои Бобоев мегӯяд, ки дар робита бо ин қазия ҳанӯз касе боздошт нашудааст. Ин дар ҳолест, ки пайвандони Парвиз Вазирбеков, сокини ноболиғи ноҳияи Дарвоз аз нопадид шудани вай хабар додаанд.
Ба гуфтаи онҳо Парвиз бо сарбозони ягони марзбонон дар шаҳри Қалъайихуми ин ноҳия робита дошта ва бар изои маводди сӯхт ба марзбонон телефунҳои ҳамроҳ ва сим-кортҳо меовардааст.
Пайвандони Парвиз гуфтаанд, ки баъд аз доду гирифти ахири Парвиз бо марзбонон ин ноболиғ дигар ба манзил бознагаштааст.
Шоҳидони айнӣ, аз ҷумлаи ноболиғоне. ки ӯро ҳамроҳӣ мекардаанд, гуфтаанд, ки Парвизро бори охир ба ҳангоми мубодила бо марзбонон дида ва ҳамчунин шоҳиди он будаанд, ки ин марзбонон баъди дидани нигаҳбонон Парвизро ба маҳзани маводди сӯхт ворид карда ва пинҳон кардаанд.
Гуфта мешавад, ки ин ноболиғ муддате тӯлонӣ дар маҳзан буда ва дар натиҷаи масмумият ҷони худро аз даст додааст. Гумон меравад, ки субҳи рӯзи дигар он иддае аз афрод, аз ҷумлаи марзбононе, ки бо Парвиз робита доштанд, ҷасади вайро ба рӯдхона андохта ва ё дар ҷойе номаълум пинҳон кардаанд.
Аммо Холбаш Холбашев, раҳбари идораи марзбонии Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон рӯзи душанбе дар суҳбат бо Би-би-сӣ ин иддаъоро такзиб кард.
Вале вай гуфт, ки шояд ин ноболиғ бо ҳадафи дуздии маводди сӯхт ба ягони марзбонӣ ворид шуда бошад. Оқои Холбашев гуфт, ки таҳқиқот мушаххас хоҳад кард, ки дар воқеъ чи иттифоқе рух додааст.
Ин дар ҳолест, ки хешовандони Парвиз Вазирбеков мегӯянд, ин ноболиғи нопадидшударо то ҳанӯз пайдо накардаанд. Ин суол низ матраҳ аст, ки дар ҳоле, ки аксари пайвандони Парвиз аз додугирифти ғайриқонунии вай бо марзбонон хабар доштаанд, чаро бамаврид аз ин амал ҷилавгирӣ накардаанд?
