Пулис: "Вазъият дар Ворухи Исфара ором аст"

  • 29 Апрел, 2013

Ситоди бахши вазорати умури дохила дар вилояти Суғд мегӯяд, ки вазъият дар ҷамоъати Ворухи ноҳияи Исфара ором буда ва таҳти назорати кормандони интизомии ин вилоят будааст.

Як масъули ин ситод, рӯзи душанбеи 29 апрел дар суҳбати телефонӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки увзои ҷамоъати Ворухи ин ноҳия пас аз таниши марзӣ бо сокинони минтақаи ҳамҷавори Қирғизистон ба ҳолати оддӣ бозгашта ва ӯ хабари лату кӯб шудани кормандони пулис дар ин минтақаро такзиб кард.

Дар ҳамин ҳол бар асоси иттилоъи сойти расмии ин вазорат мақомоти ду кишвари ҳаммарзи Тоҷикистону Қирғизистон дар як мулоқоте низоъи ахири миёни сокинони навоҳии марзи муштараки ин ду кишварро ҳалл карданд.

Ин сойт менависад: "Рӯзи 27 апрели соли равон миёни чанд нафар аз шаҳрвандони ҷамоъати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ва ҷамоъати деҳоти Ақсойи ноҳияи Боткенти Қирғизистон барои истифодаи роҳи умумии байни ин ду ҷамоъат муноқиша ба вуҷуд омада буд, ки аз ҷониби мақомоти дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври оҷил пешгирӣ карда шуда ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин карда шудааст."

Ҳарчанд бархе аз расонаҳо дар мавриди лату кӯб шудани чаҳор пулиси тоҷик дар ин ҳодиса аз сӯйи сокинони қирғиз ва эъзоми беш аз 100 нафар аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ ба ин минтақа хабар медиҳанд, вале пулис ин хабаро такзиб мекунад. Ҳамчунин расонаҳои қирғиз дар мавриди ба гарвгон гирифта шудани сокинони қирғиз аз сӯйи шаҳрвандони тоҷик хабар додаанд.

Ин барои бори нахуст нест, ки миёни сокинони навоҳии ду сӯйи марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари истфиода аз роҳҳо ва оби рӯдхонаҳо дар ин минтақа танишҳое иттифоқ уфтодаанд.

Ба гуфтаи иддае аз хабарнигорон мушкили аслӣ дар ин минтақа набудани хатти мушаххаскунандаи қаламрави ду кишвар дар бисёре аз қисматҳои марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон будааст. Зеро низоъи рӯзи 27 апрел миёни сокинони ду кишвар бар сари бунёди роҳ аз сӯйи роҳсозони Қирғистон дар қаламрави Тоҷикистон сар задааст.