Сафари кӯдакони марзбонони тоҷику қирғизу узбак ба кишварҳои ҳамдигар

  • 24 Май, 2013
Image caption Кӯдакони маъмурони марзбонии Тоҷикистон, Қирғизисто ва Узбакистон аз ҷозибаҳои гардишгарӣ дар кишварҳои ҳамдигар дидан хоҳанд кард.

Бист нафар аз кӯдакони маъмурони марзбонии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон тобистони имсол аз ҷозибаҳои гардишгарӣ дар кишварҳои ҳамдигар дидан хоҳанд кард.

Дар ин бора хабаргузории "Хабар"-и Қирғизистон аз қавли Токон Мометуф, фармондеҳи идораи марзбонии Қирғизистон хабар дод.

Оқои Мометуф ба ин хабаргузори гуфтааст, аввал 20 кӯдаки маъмурони мазбонии Қирқизистон барои сайру саёҳат ба амокини туристии Тоҷикистону Узбакистон хоҳанд рафт ва сипас Қирғизистон мизбони кӯдакони маъмурони марзбонии Тоҷикистон ва Узбакистон хоҳад буд ва дар назар аст, ин кӯдакони тоҷику узбак аз истироҳатгоҳи Исиккул дидан кунанд.

Ин иқдом ба гуфтаи манобеъи марзбонии Қирғизистон бо ҳадафи эҷоди равобити дӯстона миёни марзбонони се кишвари ҳамсоя анҷом хоҳад шуд.

Хушнуд Рҳматуллоев, сухангӯи марзбонии Тоҷикистон ин хабарро ба Би-би-сӣ таъйид кард ва гуфт: “Дар ин бора чанде қабл созишномае миёни марзбони Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расида буд ва ҳадаф аз ин иқдом ташвиқи дустӣ миёни кӯдакони ду кишвар аст.”

Тоҷикистон бо Қирғизистон беш аз 970 килуметр ва бо Узабкистон 1161 килуметр марзи муштарак дорад. Пас аз пошхӯрии шурави танҳо 519 килуметри манотиқи марзӣ бо Қирғизиситон таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи наҳваи таъйини хутути марзӣ дар бархе манотиқ ба тавофуқ нарасидаанд ва ин манотиқ саҳнаи бархӯрдҳо ва эътирозҳои мухталифи сокинони ду тарафи марз шудааст.