Ҷасади ноболиғи нопадидшуда дар Дарвоз пайдо шуд

Падари Парвиз Вазирбеков, як ноболиғи нопадидшуда дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон гуфт, ки дирӯз сокинони ин ноҳия ҷасади писари 14 солаи ӯро аз рӯдхонаи Панҷ пайдо кардаанд.
Вазирбек Назриев мегӯяд, ки тайи 20 рӯз масъулони давлатӣ барои пайдо кардани Парвиз кушиши зиёде ба харҷ надодаанд, вале аз саҳми сокинони ноҳия дар ҷустуҷӯйи писараш ибрози сипос мекунад.
Ӯ ба Додситонии куллии Тоҷикистон аз сарбозони воҳиди марзбонии ноҳия шикоят бурдааст, зеро ба бовари ӯ маҳз онҳо писарашро барои мулоқот даъват карда буданд ва сипас Парвиз мафқуд шуда ва акнун ҷасади ӯ аз рӯдхона пайдо шудааст.
Ӯ рӯзи сешанбеи 21 май дар сӯҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт: “Ман медонам, ки бо писари ман ҳар ҳодисае ки шуд, дар дохили ин қисми марзбонӣ шуд. Ман тақозо мекунам, ки афроди гунаҳкор барои куштани писарам муҷоззот шаванд.”
Баъд аз зӯҳри дирӯз пизишкони қонунӣ ҷасади Парвиз Вазирбековро таҳқиқ карда ва аъзои хонавода баъд аз зӯҳр ҷасади ӯро ба хок супурданд. Натоиҷи ташхиси пизишкии қонунӣ пас аз 15 рӯз маълум хоҳад шуд.
Маҳмадалӣ Бобоев, доситони низомии ин вилоят рӯзи сешанбеи 21 май ба Би-би-сӣ гуфт: “Тафтишоти пешакӣ (таҳқиқоти муқаддамотӣ) муъайян кард, ки ин писар ба дохили қисмати марзбонон барои дӯздӣ даромада ва ба ҳангоми баровардани маводди сӯхт аз дохили бушкаи бензин ба даруни он афтида ва ҷон додааст.”
Аммо Вазирбек Назриев, падари Парвиз иддаъои мақомот дар бораи қасди дуздӣ доштани писарашро радд мекунад ва мегӯяд, ки ӯ бо даъвати яке аз марзбонон соъати ҳафти баъд аз зӯҳр ба дохили қисми марзбонӣ ворид шуда буд.
Додситони низомии вилояти Бадахшон гуфт, ки ду нафар аз сарбозони қисми марзбонӣ дар ноҳияи Дарвоз дар робита ба он ки ҷасади ин ноболиғ чи гуна ба рӯдхонаи Панҷ афтодааст, бозпурсӣ хоҳад шуд.
Ба гуфтаи пайвандони Парвиз Вазирбеков, ӯ баъд аз зӯҳри якуми майи соли равон барои мулоқот бо дӯсташ ба қисми марзбонони Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз рафта ва то дирӯз нопадид буд.
