Баёнияи Афви Байналмилал дар бораи қотили хешованди Президент

  • 22 Май, 2013
Холмуъмин Сафаров
Image caption Холмуъмин Сафаров, шавҳари хоҳари бузурги Эмомалӣ Раҳмон июни 2012 ба зарби гулӯла ба қатл расид

Созмони Афви Байналмилал (Amnesty International) бо судури баёнияе навишта, ки бо вуҷуди гузоришҳо дар бораи истифодаи шиканҷа алайҳи Диловаршо Қосимов барои иқрори ӯ ба қатли Холмуъмин Сафаров, додгоҳ ӯро дар моҳи январи соли ҷорӣ ба 26 сол зиндон маҳкум кардааст.

Ин созмони мудофеъи ҳуқуқи башар навишта, ки "муҳокимаи фарди мазнун дар қатли домоди Презденти Тоҷикистон дар моҳҳои декабри 2012 ва январи 2013 дар пушти дарҳои баста сурат гирифт."

"Новобаста аз ин ки гузориш шудааст, "иқрори" Диловаршоҳ Қосимов таҳти шиканҷаву озор дарёфт шудааст, ӯ муҷрим шинохта ва ба 26 сол зиндон маҳкум шуд."

Додгоҳи олии Тоҷикистон Диловаршо Қосимовро 18-уми январи соли ҷорӣ дар қатли Холмуъмин Сафаров, ҳамли ғайримуҷози аслиҳа ва чандҳамсарӣ муҷрим дониста ва барои 26 сол равонаи зиндон кард.

Дар баёнияи Афви Байналмилал аз ҷумла мехонем: "Вакили мудофеъи Диловар Қосимов гуфтааст, ки муваккилаш таҳти озору шиканҷа дар боздоштгоҳ водор ба иқрори ҷурм карда, аммо пеш аз баргузории муҳокимаи додгоҳӣ ин "иқрор"-и худро пас гирифт."

Афви Байналмилал меафзояд, ки тибқи иттилоъи манобеъи маҳаллӣ ба ин фард, ки бо иттиҳоми қатли шавҳари хоҳари раиси ҷумҳури Тоҷикистон муҳокима шуда "Дар боздоштгоҳ сахт шиканҷаи ҷисмӣ ва равонӣ шудааст; аз ҷумла иҷозаи ғизо хурдан, об нушидан ва хоб рафтанро надошт, маҷбур буд тӯли шаб рост биистад ва гӯшу биниашро шикастаанд."

Созмони Афви Байналмилал дар поёни баёнияаш навишта, ки ба идомаи ин қазия назорат хоҳад кард ва "истротежии заруриро" дар робита ба он таҳия хоҳад кард.

Матолиби муртабит