Раҳимов: Системи омӯзишии пулиси Тоҷикистон ақабмонда аст

Дар шаҳри Душанбе дар як кунфаронси илмии байналмилалии кормандони ниҳодҳои интизомӣ ба зарурати омода кардани кодрҳои ҳирфаии кормандони пулис барои таъмини амнияти комил дар ҷомеъа таъкид шудаст.
Мавзӯъи аслии ин ҳамоиш, ки рӯзи сешанбеи 14 май ба ибтикори Окодемии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ва сандуқи олмонии Ҳонс Зейдел баргузор шуд, ҳамоҳангсозии системи омӯзишии кодрҳои пулис ба шароити мудерн будааст.
Дар ин нишаст, ки дар он муттахасисон дар бораи чолишҳои пулис барои таъмини амният бо таваҷҷуҳ ба риъояти ҳуқуқи башар табодули назар мекарданд, таъкид шуд, ки ҳадафи аслии фаъъолияти пулис муҳофизати мардум дар баробари ҷурм ва ҷиноят буда ва на ҳимояти давлат аз мардум аст.
Дар ин нишаст намояндагони ниҳодҳои интизомӣ аз Олмон, Укройн, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Қирғизистон ва Мулдувӣ аз таҷруба ва чолишҳои худ дар ин замина суханронӣ карданд.
'Ҳифзи мардум аз ҷурм, на давлат аз мардум'
Намояндаи пулиси Олмон, ки дар кунферонс дар мавриди аҳдофи аслии фаъъолияти пулис суханронӣ мекард, ба зарурати дониши ҳамаҷонибаи кормандони пулис дар шароити феълӣ таъкид карданд.
Ҳегемер Кристион, раҳбари Пажӯҳишгоҳи ҳамкориҳои байналмилалии Сандуқи Ҳенс Зейдел гуфт: “Мо созмоне сиёсӣ ҳастем ва барои баргузор кардани ҳамоишҳои пулис дар кишварҳои ҷаҳон, сандуқи мо бо пулиси Бовориё ҳамкорӣ мекунад. Мо аз ин кормандони пулис барои афзоиши сатҳи фаъъолияҳои ҳирфаии пулис кумак мегирем.”
Оқои Киристион гуфт, табодули таҷруба миёни кормандони пулис дар ҷаҳон яке аз роҳҳои аслӣ барои афзоиши сатҳи ҳирфаии кормандони ин арса аст.
Аз ин рӯ дар ҳамоиш Зумер Вулфгон, раиси пулиси Бовориё дар бораи фаъъолияти пулиси Олмон дар шароити мухталиф суханронӣ кард ва гуфт, ки дар Бовориё 40 ҳазор корманди пулис барои 13 милюн нуфуси ин кишвар хидмат мекунанд.
Ӯ аз ҷумла дар бораи рафтори пулиси Бовориё ҳангоми назорат бар эътирозоти мардум дар он иёлат суҳбат кард ва гуфт, ки рафтори пулис дар чунин маворид таҳти назорати шадиди расонаҳо қарор мегирад. Вай таъкид кард, ки пулис дар ҳар сурат бояд таҳамуллпазириро аз даст надиҳад.
Энклинг Ҳерд, раҳбари бахши омӯзиши идораи пулиси Бовориё низ аз таҷрубаи кормандони интизомии кишвараш дар мавриди фишор ва таҳаммуллпазирии пулис дар ин ҳамоиш сухан гуфт.
Вай гуфт: “Пулис набояд давлатро аз мардум ҳифозат кунад, балки ҳадафи аслии фаъъолияти пулис муҳофизати мардум дар баробари ҷурм ва ҷинояткорӣ аст. Замоне ки мо корманди интизомиро тарбият мекунем, бояд ин фалсафаро барояш ёд диҳем.”
Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон кунфаронс дар бораи рисолати пулис баргузор мешавад бархе аз соҳибназарони тоҷик аз фаъъолияти пулиси ин кишвар интиқоди шадид мекунанд.
'Пулиси тоҷик режимро ҳимоят мекунад'
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ки пулиси тоҷик дар асл дар солҳои ахир ба хидматгори мақомти давлатӣ мубаддал шудааст.
Оқои Ҳакимов мегӯяд: “Аслан дар кишварҳое, ки раванди номукаммали демукротиро доранд, шумори аз меъёр зиёди кормандони интизомӣ дида мешавад, то ки онҳо бештар режимҳо, яъне ҳуқуқматҳоро ҳимоят кунанд ва боъиси таассуф аст, ки кормандони интизомӣ бештар барои ворид кардани фишор бар равшанфикрон ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ истифода мешаванд.”
Оқои Ҳакимов мегӯяд, ки барои он ки дар Тоҷикистон низ пулис рисолати аслии хешро, яъне таъмини ҳуқуқ ва озодии инсон ва ҳифзи онҳо аз ҷароимро иҷро кунад, назорати порлумон бар кормандони интизомӣ бояд тақвият ёбад ва аз будҷеи ихтисосёфта ба ин арса бояд ба таври ҳадафманд истифода шавад.
Ин ҳуқуқдони тоҷик фасоди густарда дар миёни кормандони пулисро аз авомиле хонд, ки барои фаъъолияти мунсифонаи пулиси тоҷик мавонеъ иҷод мекунад.
Дар ҳамин ҳол Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон, ки низ дар кунферонси мазкур дар Душанбе суханронӣ мекард, системи омӯзишии пулис дар кишварро "ақибмонда" хонд ва ба ниёзи пулиси Тоҷикистон дар ин замина ба ҳамкории байналмилалӣ таъкид кард.
Ӯ гуфт: “Бо таваҷҷуҳ ба чолишҳои муъосири ҷаҳони дар ҳоли тавсеъаи сареъ, ба ақидаи ман системи омӯзиши пулис дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ақибмонда аст. Ин маънии онро дорад, ки тарбияти пулиси ҳирфаӣ, ки кишвар ба он ниёз дорад, мушкил хоҳад буд.”
Ин дуввумин ҳамоиши байналмилалӣ барои кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аст, ки ҳадаф аз он афзоиши сатҳи ҳирфаӣ будани кормандони пулис будааст.
