Раҳимов: “Зарур шавад ҳаёти хешро барои ҳифзи давлат дареғ намедорем”

Вазири кишвари Тоҷикистон гуфтааст, ки кормандони ин ниҳод дар мавриди зарурӣ зиндагии худро барои ҳифозат аз “сохти ҷамъият ва давлат” дареғ нахоҳанд дошт.
Рамазон Раҳимов, вазири кишвари Тоҷикистон дар суханоронии худ дар рӯзи сешанбеи 30 апрел дар ҷаласаи мушовари ин ниҳод аз савганди пулиси тоҷик, ки замони истихдом ба кор ёд мекунад, ёдовар шуд ва гуфт, ки дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор шудани ду тадбири аслӣ дар Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба хидмати содиқонаи пулис бастагӣ доштааст.
Дар ин бора сойти расмии вазорати кишвар иттилоъ додааст. Оқои Раҳимов, рӯзи сешанбе дар ҷаласаи мушовараи ин ниҳод гуфтааст: “Соли 2013, соли чорабиниҳои муҳимми ҷамъиятиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла дар ин сол интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани Кунфаронси байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи оби тоза ва дигар чорабиниҳо баргузор мешавад, ки дар фазои сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмӣ ва дар сатҳи баланди фарҳангиву сиёсӣ гузаронидани он аз хизмати софдилона ва поквиҷдононаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, вобастагии калон дорад.”
Оқои Раҳимов афзудааст, ки дар ҷараёни баргузории ин тадбирҳои сиёсӣ кормандони ниҳодҳои интизомӣ бояд “зиракии сиёсии хидмати”-ро аз даст надиҳанд.
Вай афзуд, ки бо "кушишҳои" шумори кунунии пулис дар Тоҷикистон ин тадобири сиёсӣ дар сатҳи баланд доир хоҳанд шуд.
Ӯ таъкид кардааст: “Бояд фаромӯш накард, ки ҳар яки мо савганд ёд намуда, барои то охир ба халқи худ, Ватан ва коре, ки пеша кардаем содиқ будан, корманди ҳушёр, ҳақиқатҷӯ, боинтизом ва дар хизмат намунаи ибрат будан, тамоми вазифаҳое, ки бар души мо вогузор мешавад, софдилона ва бечунучаро иҷро намудан, ҳатто дар мавриди зарурӣ ҳаёти худро барои ҳифзи сохти ҷамъияту давлат ва тартиботи ҳуқуқӣ дареғ надоштан, қасам хурдаем ва бояд ба ин савганд содиқ бошем.”
