Оғози тарҳи '16 рӯзи мубориза бо хушунати хонаводагӣ' дар Тоҷикистон

  • 25 Ноябр, 2013
Дастони зани худсӯз
Image caption Ҳамасола аз 200 то 300 занон духтар дар Тоҷикистон худкушӣ мекунанд ва ба гуфтаи коршиносон хушунати хонаводагӣ дар аксари маворид боиси ин амр мешавад

Дар ҳамоише дар шаҳри Душанбе гуфта шуд, ки танҳо дар шаш моҳи соли 2012 ба марокизи бӯҳронии вижа барои занони хушунатдида беш аз 8 ҳазор нафар аз занон аз эъмоли хушунат алайҳи худ дар хонаводаҳо шикоят бурдаанд.

Бештари шикояти занон ва арӯсони хонавода, ки ба ҳудуди 30 маркази бӯҳронӣ дар ин кишвар ироа шудааст, аз озору азият аз сӯйи шавҳарҳо ва ё модарони шавҳарони онҳо будааст.

Ин омор дар ҷараёни нишасти матбӯъотии вижаи масъулони Барномаи мубориза бо хушунат дар хонавода, ки рӯзи душанбеи 25-уми ноябр доир шуд, эълом шуд.

Нигина Қудратова, масъули иртибот бо расонаҳои хабарии ин пружа ба Би-би-сӣ гуфт, ки омори расмӣ дар мавриди шикоёт аз хушунат дар соли ҷорӣ дар ҳоли баррасӣ будааст.

Хонум Қудратова мегӯяд, ки нишасти имрӯзӣ ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо хушунат алайҳи занон, ки мусодиф ба 25 ноябр аст, бахшида мешавад.

Вай ҳамчунин гуфт, ки аз имрӯз, 25-уми ноябр дар Тоҷикистон барномаи вижаи "16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат" оғоз шуд, ки дар ҷараёни он барномаҳои вижае дар сартосари кишвар пиёда хоҳад шуд.

Хонум Қудратова мегӯяд: “Дар ҷараёни ин барномаҳо нишастҳое масоили марбут ба хушунати хонаводагӣ ва иҷрои қонуни “Пешгирии хушунат дар хонавода” роҳандозӣ хоҳад шуд.”

Ӯ мегӯяд, ки дар доираи 16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат алайҳи зан, барномаҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ барои занон дар назар гирифта шудааст.

Масъулон ин тарҳ ибрози нигаронӣ карданд, ки пӯшиши масъалаи хушунат алайҳи занон ва равандаи иҷроиши қонун дар бораи ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ дар расонаҳои Тоҷикистон нокофӣ аст.

Image caption Хонум Қудратова мегӯяд, ки дар доираи 16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат алайҳи зан, барномаҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ барои занон дар назар гирифта шудаанд

Ин дарҳ олест, ки як сол қабл дар Тоҷикистон қонун дар бораи ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ тасвиб шуд. Дар баррасии ин тарҳ намояндагони ҷомеъаи маданӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва мудофеъони ҳуқуқи зан ширкат карда ва беш аз 300 пешниҳоди ин созмонҳо барои тасвиби ин қонун пазируфта шудааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон 29 маркази бӯҳронӣ, 7 паноҳгоҳи муваққатӣ ва 87 марказҳи машвартию ҳукуқӣ фаъолият дорад ва танҳо дар соли гузашта ба ин марокиз ҳудуди 32 ҳазор нафар бо масоили мухталифи хонаводагӣ муроҷиъа кардаанд.

Бо ин вуҷуд гузоришҳои зиёде аз Тоҷикистон дар бораи ба худкушӣ даст задани занону духтарон дар натиҷаи эъмоли хушунат ва озору азият алайҳи онҳо, дарак медиҳанд.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, ҳамасола аз 200 то 300 нафар аз занон ва духтарон дар Тоҷикистон худкушӣ мекунанд ва ба гуфтаи мудофеъони ҳуқуқи занон, аксари онҳо аз ҷумлаи заноне ҳастанд, ки бар асари хушунати хонаводагӣ ба ин кор даст мезананд.

Матолиби муртабит