Афзоиши даъвои хонаводагӣ ва қатли ҳамсарон дар Тоҷикистон
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як марди муттаҳам дар қатли ҳамсараш хабар додааст.
Тибқи иттилоъи сойти расмии Тоҷикистон дар ду моҳи ахир дар Тоҷикистон ҳудуди 10 мавриди даъвои хонаводагӣ расман сабт шудааст, ки бар асари он иддае аз сокинон ҷонҳои худро аз даст дода ва бархе низ ҷароҳоти сангин бардоштанд.
Кормандони пулис зимни шарҳи ҳодисаи ахири қатли зан аз сӯйи шавҳар навиштаанд, ки ин воқеъа дар ноҳияи Ваҳдат рух дода ва ангезаи он низ даъвои миёни зану шавҳар будааст.
Тавре ки дар хабар мехонем: “Ҷамолиддин Нафасов, рӯзи 12-уми октябр соъати 19.00 дақиқа аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо болға, чанд маротиба ба узвҳои бадани ҳамсараш Зарина Раҳмонова-и 26 сола сокини шаҳри Ваҳдат зада ва дар натиҷа зан ҷароҳатҳои шадид бардошта ва дар роҳ ба бемористон ба ҳалокат расидааст.”
Пулиси тоҷик мегӯяд, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз кард ва бо гузашти ҳудуди як моҳ марди муттаҳами воқеъа, яъне Ҷамолиддин Нафасовро боздошт кард.
Ҳамчунин пахши хабарҳо дар мавриди ҷароими қатл дар чанд моҳи ахир дар ин сойт ҳокист, ки ахирн дар Тоҷикистон афзоиши мавориди қатл ба мушоҳида расидааст.
Дар яке аз ин хабарҳо падари хонавода дар вилояти Хатлон кӯдаки 10 моҳаи худро бо зарби ҷоқу ба қатл расонидааст, аммо пулис ангезаи ин қатлро равшан накардааст.
Коршиносон мегӯянд, ки ангезаҳои аксари даъвоҳо дар хонаводаҳо, бавижа миёни завҷҳо мушкилоти иқтисодии ин хонаводаҳо будааст.
