Кабирӣ: 'Барои ошноии беҳтар бо вазъи Тоҷиев ба Суғд сафар мекунам'

  • 14 Ноябр, 2013

Дар ҳоле, ки Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеъи Умедҷон Тоҷиев, як фаъъоли ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иддаъо дорад, ки муваккилаш дар пайи шиканҷа худро аз ошёнаи сеюми боздоштгоҳ ба поён партофтааст, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб эълом кард, ки барои ошноии беҳтар бо ин қазия ба ин минтақа сафар кунад.

Хонум Воҳидова баъд аз дидор бо муваккилаш дар сафҳаи сойти иҷтимоии Фейсбук навиштааст, ки муваккилаш нияти фирор карданро надоштааст. Ӯ аз қавли оқои Тоҷиев навиштааст, ки баъд аз боздошт маъмурони пулис оқои Тоҷиевро тӯли чаҳор шабонарӯз аз хоб маҳрум карда ва пайваста ӯро бо истифода аз барқ шиканҷа кардаанд.

Файзиниссо Воҳидова афзудааст, ки дидори вай бо Умедҷон Тоҷиев дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд сурат гирифтааст. Вай навиштааст: “Умедҷон Тоҷиевро чанд нафар бо замбар ба утоқи вохӯрӣ оварда ва ба замин гузоштанд. Ӯ дар рӯйи замбар дар долони вохӯрӣ доду фарёд мекард, ки гунаҳгор нест ва шиканҷа шудааст...”

Оқои Тоҷиев гуфтааст, ки маъмурони пулис ӯро пайваста мезаданд ва бо “истифода аз латтаи тар бо барқ” шиканҷа мекарданд ва талаб доштаанд, ки узвияташ дар гурӯҳи теруристии Ансоруллоҳро эътироф кунад.

"Мо тарафдори сиёсати ҳангомасозӣ нестем"

Хонум Воҳидова ҳамчунин иддаъои мақомоти интизомиро дар бораи шикастани танҳо як пойи Умедҷон Тоҷиев бепоя хонда ва иддаъо дорад, ки дар пайи уфтодан аз табақаи севвуми боздоштгоҳи шаҳри Исфара ҳар ду пойи муваккилаш шикаста ва ҷигараш ҳам осеб дидааст.

Image caption Созмонҳои байналмилалӣ пайваста аз вуҷуди шиканҷа дар муассисаҳои бастаи Тоҷикистон ибрози нигаронӣ мекунанд

Ба навиштаи хонум Воҳидова, баъд аз ин қазия гӯиё Баҳрихон Исоева, вакили мудофеъ наздаш омада ҳимояти ӯро ба зимма гирифтааст. Вале оқои Тоҷиев изҳор доштааст, ки ин вакили дифоъро боре ҳам надидааст ва ӯро намешиносад.

Дар ҳамин ҳол Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ гуфт, ки қасд дорад базудӣ ба вилояти Суғд сафар кунад.

Ӯ гуфт: "Рӯзҳои наздик нияти сафар ба ин минтақаро дорам ва натанҳо барои ошноии бештар бо ин парванда, балки ба дигар корҳое, ки марбут ба шиканҷаи шаҳрвандон аст."

Оқои Кабирӣ дар посух ба ин иддаъоҳои бархе аз мунтақидон, ки гӯё ӯ ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба парвандаи Тоҷиев таваҷҷӯҳи лозим зоҳир намекунанд гуфт: "Ҳизби наҳзат корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, вале расонаӣ намекунад. Шояд ин яке аз заъфҳои мо ҳам бошад. Аммо мо тарафдори сиёсати ҳангомасозӣ нестем."

Оқои Кабирӣ афзуд, ки масъулони ҳизби наҳзати исломӣ аз рӯзи аввали боздошти Умедҷон Тоҷиев ин қазияро пайгирӣ мекунанд ва шурои вижаи сиёсии ин ҳизб ҳайъати баланпояеро барои ошноии наздик бо қазия ба вилояти Суғд фиристодааст.

Раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон афзуд, ки "ҲНИТ тамоми корҳоеро ки як ҳизби сиёсӣ бояд барои дифоъ аз узви худ анҷом бидиҳад, анҷом додааст."

Оқои Кабирӣ интиқодҳои бархеҳоро дар бораи вокунишҳо ба фаъъолиятҳои ҳизб "идомаи сиёсатҳои расонаӣ" хонд, ки "дар давраи интихобот алайҳи ин ҳизб гирифта шуда буд."

Image caption Мақомоти интизомии Тоҷикистон иддаъо доштанд, ки Умедҷон Тоҷиев ба хотири фирор худро аз тиреза партофтааст

Додгоҳи шаҳри Исфара оқои Тоҷиевро дар нақзи қавонини кишвар мутаҳҳам карда ва алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Мақомот эълом карда буданд, ки алайҳи Умедҷон Тоҷиев 2-уми ноябри соли ҷорӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳарчанд Файзиниссо Воҳидова ин иддаъоро рад карда ва навиштааст, ки алайҳи муваккилаш танҳо 5-уми ноябр парванда боз шудааст.

Хонум Воҳидова ҳамчунин хабар додааст, ки то ҳол мақомоти интизомӣ барои дидор ва сӯҳбат бо Зуҳур Иброҳимов, нафари дигари гумонбар дар ин ҷиноят иҷоза надодаанд.

Файзиниссо Воҳидова афзудааст: “Маълум аст, ки мақомот махсус вақтро кашол дода истодаанд, то ки изи ҷароҳати ҷисмонӣ аз бадани ӯ равад ва мо исбот карда натавонем, ки онҳо мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд”.

Зимнан, мавзӯъи истифода аз шиканҷа дар фаъъолияти ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз муддатҳо қабл ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъа табдил шудааст. Ин мушкил то ҳадде расида, ки мавзӯъи нақзи ҳуқуқи инсон дар табрикоти пирӯзии оқои Раҳмон дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ матраҳ буд.

Афви Байналмилал, як созмони ҳуқуқи башар, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури мунтахаби Тоҷикистон, хостааст, ки дар чаҳорумин даври раёсаташ ба ислоҳоте густарда дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар иқдом кунад.

Ин созмон бо ирсоли ёддоште ба оқои Раҳмон тавсия карда, ки ҳуқуқи башарро дар меҳвари барномаи раёсати ҳафт соли ояндаи худ гузорад ва ба мавориди густардаи нақзи ҳуқуқи башар поён бидиҳад.

Матолиби муртабит