Эъломи “Ҳафтаи модарон” дар вилояти Хатлон
Image copyrightBBC World ServiceҲукумати вилояти Хатлон дар остонаи таҷлил аз Рӯзи байналмилалии занон ё Рӯзи модарон дар Тоҷикистон дар қаламрави ин вилоят “Ҳафтаи модарон”-ро эълом кардааст.
Идораи кор бо занони вилояти Хатлон мегӯяд, ки ҳадаф аз ин иқдом боло бурдани ҷойгоҳи зан дар ҷомеъа ва ҳимоят аз занони собиқадор ва бознишаста аст.
Кормандони ҳукуматҳои маҳаллии ин вилоят муваззаф шудаанд, ки дар тӯли як ҳафта бо вазъи зиндагии хонаводаҳои занони собиқадор ва бознишаста ошно шаванд ва ҳамзамон ба ифтихори Рӯзи модарон ба занон ҳадяҳо бидиҳанд.
Тибқи иттилоъи идораи умури занони Хатлон, феълан дар ин вилоят беш аз чаҳор ҳазор нафар занони роҳбар дар муассисаҳои давлатӣ ва корхонаву ширкатҳои кишоварзӣ фаъъолият мекунанд.
Бар асоси гузоришҳои расмӣ, шумораи умумии занону духтарон дар ин вилоят беш аз як милиюну 500 ҳазор буда ва аз ин омор даҳҳо зан баъди солҳои тӯлонии фаъъолият дар муассисоти давлатӣ, аз ҷумла дар бахшҳои маъориф ва кишоварзӣ, бознишаста шудаанд.
Кормандони идораи умури занон мегӯянд, ки зиндагии занони бознишаста барои кодрҳои ҷавони ҳукумати феълӣ намунаи ибрат аст ва ҷавонон бояд аз онҳо таҷрубаи корро омӯзанд.
Дар шаҳру навоҳии Хатлон ба муносибати “Ҳафтаи модарон” барномаҳои зиёди фарҳангӣ ва ҳунарӣ баргузор мешавад ва барои ширкат дар ин барномаҳо бисёре аз занони бознишаста даъват шудаанд, ки қабл аз иҷрои барномаҳои ҳунарӣ аз таҷрубаи кории худ ба ширкаткунандагон ҳикоят мекунанд.
Эъломи "Ҳафтаи модарон" дар вилояти Хатлон дар ҳолест, ки бисёре аз занону духтарон дар ин минтақа бо мушкилоти фаровони иҷтимоъӣ рӯбарӯ ҳастанд.
Аз сӯйи дигар, коршиносон бо ишора ба ночиз будани маъоши бознишастагӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки аксари занони бознишаста бо мушкилоти фаровони рӯзгор рӯбарӯ будаанд.
Ҳамчунин, бо таваҷҷуҳ ба ин ки аксари мардони хонавода аз вилояти Хатлон дар солҳои ахир барои ба даст овардани даромади рӯзгор дар хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд, мушкилоти рӯзгор ва корҳо дар мазореъи кишоварзӣ бар дӯши занон ва духтарон аст.
Аз ин рӯ, бисёре аз соҳибназарон бар ин боваранд, ки таваҷҷуҳ ба вазъи занон дар як рӯз дар тӯли сол наметавонад, аксари душвориҳои иҷтимоъии занон ва духтарон дар Тоҷикистонро рафъ кунад.
