Боздошти як зан ба гумони 'кӯдакфурӯшӣ' дар Тоҷикистон

  • 31 Январ, 2014

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як зан ба занни фурӯши кӯдаке навзод хабар дод.

Гуфта мешавад ин зани 33-сола, ки пулис ӯро Шаҳло Мирзоева муъаррифӣ карда, кӯдаки навзоди зани 21-солаи ноҳияи Ваҳдатро ба маблағи ду ҳазор рубли Русия, ки муъодили 200 сомонӣ аст, фурӯхтааст.

Тибқи иттилоъи сойти расмии вазорати дохила Рӯзигул Қурбонова, як сокини шаҳри Душанбе, низ ба даст доштан дар ин муъомилаи ғайриқонунӣ муттаҳам шудааст. Кормандони пулис мегӯянд, ки дар робита бо ин воқеъа парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд ва таҳқиқи он идома дорад.

Моддаи 167-и қонуни кайфарии Тоҷикистон барои даст доштан дар қочоқи кӯдакон ва ноболиғон муҷозоти аз панҷ то ҳашт сол зиндон пешбинӣ кардааст.

Ин нахустин бор дар Тоҷикистон нест, ки сокинон ба занни кӯдакфурӯшӣ боздошт мешаванд. Дар солҳои қаблӣ низ пулис занонро ба занни иртикоби ин ҷурм боздошт мекард.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки иддае аз занони “кулоҳбардор” бо истифода аз вазъияти иддае аз занон аз хонаводаҳои фақиру нодор ва ё духтарони бешавҳар онҳоро ба фурӯши навзодон водор мекунанд.