Тарҳи ҷадид барои афзоиши огоҳии ҳуқуқии муҳоҷирон
Image copyrightBBC World ServiceИттиҳодияи Урупо барои иҷрои як тарҳи вижаи марбут ба муҳоҷират таҳти унвони “Осиёи Миёна дар ҳаракат” 300 ҳазор юру ихтисос додааст.
Ин тарҳ бафзоиши сатҳи худогоҳии муҳоҷирон ва аъзои хонаводаҳои онҳоро ҳаадфи худ сохта ҳазинааш 460 ҳазор юру аст. Бақияи ин маблағро cозмони мавсум ба “DCA” дар Осиёи Миёна таъмин мекунад.
Рӯзи сешанбеи 4 феврал масъулони созмони “DCA” дар Осиёи Миёна ва намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шарикони худ аз ҷумлаи созмонҳои ғайридавлатии мудофеъи ҳуқуқи башар ва муҳоҷират аз оғози ин тарҳ дар Тоҷикистон хабар доданд.
Тумос Искув-Ҳонсен, раиси созмони “DCA” дар Осиёи Миёна, мегӯяд, ки ин созмон аз соли 1996 дар минтақа фаъъолият дорад ва дар заминаи ҳуқуқи инсон барномаҳои зиёдеро пиёда кардааст.
Ба гуфтаи оқои Ҳонсен, ҳоло, ки муҳоҷират дар минтақа яке аз масоили доғ аст, онҳо тарҳи ҷадидеро перомуни масоили ҳуқуқии муҳоҷирони корӣ дар Осиёи Миёна роҳандозӣ мекунанд.
Вай афзуд: "Дар минтақа ва Русия дар ин замина беш аз 25 созмони ғайридавлатӣ дар иҷрои барнома бо мо ҳамкорӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон се созмон шарикони мо дар иҷрои ин пруже ҳастанд."
Оқои Ҳонсен гуфт, ки масъулони давлатӣ низ дар иҷрои ин тарҳ ҳамкорӣ хоҳанд кард. Ин тарҳ барои 24 моҳ дар сем арҳила пешбинӣ шуда ва дар вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ҳисор иҷро мешавад.
Оқои Ҳонсен мегӯяд таҳқиқот ҳокист, ки беш аз 50 дарсади мардони қобили кор аз Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ва кишварҳои дигар қарор дошта ва хонаводаҳои онҳо бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ ҳастанд.
Дар Тоҷикистон созмонҳои ғайридавлатии мавсум ба “Ҳамкорӣ” ва марокизи ҳуқуқи инсон ва саломати равонӣ шарикони иҷрои ин пруже будаанд. Дар чорчӯби ин барнома таъсиси марокизи машваратӣ барои муҳоҷирон дар вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин масъулони ин барнома ҳамкориҳое бо созмонҳои марбут ба муҳоҷират дар Русия барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар он кишвар, ки бо душвориҳои рӯбарӯ мешаванд, хоҳанд дошт.
Дар ҳамин ҳол, Иштвон Нитрой, муъовини раиси намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки ин иттиҳодия бузургтарин ниҳод дар ҷаҳон дар заминаи сармоягузорӣ маҳсуб мешавад.
Оқои Нитрой мегӯяд, замоне ки тадорукот барои роҳандозии ин тарҳи ҷадид дар Тоҷикистон анҷом мешуд, онҳо дарк карданд, ки аъзои хонаводаҳои муҳоҷирон ба хадмоти мухталиф, аз ҷумла пизишкӣ ва омӯзишу парвариш, дастрасии кофӣ надоранд.
Оқои Нитрой афзуд: “Моро дарвоқеъ ин омил шигифтзада кард, ки дар ҳоле ки сармояи ироашуда аз сӯйи муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар иқтисоди ин кишвар саҳми арзандае дорад, хонаводаҳои аксари муҳоҷирон осебпазиртарин қишри ҷомеъа ҳастанд. Аз ин рӯ, мо дарк кардем, ки бояд кореро барои беҳбудии вазъи аъзои хонаводаҳои муҳоҷирон дар ин кишвар анҷом дод."
Ин масъули Иттиҳодияи Урупо гуфт, ки ин тарҳ яке аз тарҳҳо барои боло бурдани сатҳи огоҳӣ аз ҳуқуқи инсон, ҳимоят аз афроди осебпазир ва худмухтории мақомоти маҳалӣ мебошад.
Тибқи иттилоъи Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, дар соли 2013 ҳудуди 800 ҳазор нафар аз муҳоҷирони корӣ аз ин кишвар ба Русия ва Қазоқистон барои дарёфти кор рафтаанд ва ҳудуди 100 ҳазор нафар аз онҳоро занон ва духтарон ташкил медиҳанд.
Аммо гузоришҳои ғайрирасмӣ ҳокист, ки шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва Қазоқистон наздик ба якуним милюн нафар аст. Идораи муҳоҷират ҳамчунин хабар дода, ки дар ин ниҳод феҳристи беш аз 71 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки ба Русия мамнӯъулвуруд шудаанд.
