Мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз забони худашон

  • 18 Декабр, 2013
Муҳоҷирон
Image caption Беш аз як милюн табаъаи Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд

Созмони Милали Муттаҳид 18 декабри соли 1990 кунвонсиюни байналмилалии ҳифозат аз ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои хонаводаҳои онҳоро тасвиб кард ва аз соли 2000 ба ин сӯ аз 18 декабр ҳамчун "Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон" таҷлил мешавад.

Агарчи мақомоти Тоҷикистон иддаъо мекунанд, ки ҳудуди 900 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик дар Русия кору фаъъолият доранд, аммо тибқи иттилоъи Идораи муҳоҷирати Русия, шумори онҳо наздик ба як милюну 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Дар рӯзи байналмилалии муҳоҷирон бо чанде аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар Русия кору фаъъолият доранд, аз тариқи телефун ва интернет суҳбат карда ва аз мушкилоташон пурсидем:

Ҳабибулло Ҳисорӣ, муҳоҷири бознишаста дар Твер:

"Баъзе аз муҳоҷирон ҳатто савод надоранд, на қонунҳои кишвари худашон ва на қонунҳои Русияро медонанд. Дар бисёр маворид барои ба ягон кор ҷалб шудан бояд ҳуҷҷатҳоро бо забони русӣ нависанд, аммо онҳо, ки хондану навиштан наметавонанд, ба кор қабул карда намешаванд.

Бештари муҳоҷирони тоҷик мактаби миёнаро тамом карда, бе ягон тахассус ва ягон таҷруба роҳ мегиранд сӯи Русия ва инҷо корҳое мисли кӯчарӯбӣ ва корҳои сохтмониро анҷом медиҳанд.

Ҳатто бо диплуми донишгоҳи тиббӣ аз Тоҷикистон меоянд инҷо, дар сохтмон ва корхонаҳо коргари одӣ шуда, кор мекунанд, зеро онҳо бояд дубора имтиҳон супоранд ва ё дубора хонанд, ки барои ин муҳоҷирон шароит ва имкон надоранд.

Албатта, бачаҳои болаёқат низ ҳастанд, ки тавонистанд бо ҳунару маҳорати худ корҳои баланд ва беҳтар аз кӯчарӯбӣ, сохтмону ронандагӣ пайдо кардаанд, аммо теъдоди онҳо хеле кам аст."

Холида, фурӯшандаи мева дар яке аз бозорҳои Маскав:

"Яке аз мушкили муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия надонистани ҳуқуқашон аст. Мардуми тоҷикро аз ҳама ҷиҳат дар Русия азоб медиҳанд, чи ҳуҷатҳояшон қонунӣ ё қалбакӣ бошад ё набошад.

Image caption Муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳамвора мавриди озору азият қарор мегиранд

Аммо мутаассифона, таҷрубаҳо нишон медиҳад, ки корфармоёни рус муҳоҷирони кории тоҷик, ки ҳаққи худро талаб ва аз ҳуқуқи худ дифоъ мекунанд, онҳоро аз кор озод мекунанд, зеро теъдоди корҷӯён хеле зиёд аст ва аз ин хотир ин муҳоҷирон ба хотири аз даст надодани кори худ, тоқат мекунанд.

Пулиси инҷо шиносномаи Тоҷикистонро, ки бинад, ҳатман бо ҳар баҳона онҳоро боздошт мекунад. Дар ҳоле ки тоҷикон аз рӯи қонун ҳақ доранд то се рӯз худро сабти ном накунанд, аммо пулиси Русия онҳоро боздошт мекунад ва муҳоҷирони тоҷик боз ришва медиҳанду халос мешаванд.

Бо шаҳрвандони Тоҷикистон муносибати хеле баде дар Русия мешавад ва дар муқоиса бо дигар кишварҳои шӯравии собиқ тоҷикҳо аз ҳуқуқи камтаре дар ин кишвар бархурдоранд.

Ман худам дипломи донишгоҳи текникии Тоҷикистон дар бахши муҳандисиро дорам, аммо дар Русия фурӯшанда шуда кор мекунам. Сол то сол муносибат бо тоҷикон дар Русия бадтар мешавад."

Саидҷафар, ронанда дар Маскав:

"Вақте ба мулки бегона меравӣ, бояд қонуну қоъидаҳои он кишварро донӣ ва риъоят кунӣ. Дар бисёр ҳолатҳо муҳоҷирони тоҷикро ба баҳонаи надоштани иҷозатномаи кор дар Русия кормандони идораи муҳоҷират боздошт мекунанд ва онҳо боз 25 ва 30 ҳазор рубли русӣ ришва дода халос мешаванд.

Агар ба таври қонунӣ иҷозатномаро гиранд, шояд маблағи камтар харҷ мекунанд, аммо азбаски забонро намедонанд, наметавонанд ҳуҷҷатҳоро худашон ба забони русӣ пур кунанд ва иҷозатнома бигиранд.

Аз ин рӯ, муҳоҷирони тоҷик ба доми ҳамватанони дигари худ меуфтанд, ки бар ивази пули калон иҷозатномаи қалбакӣ барои онҳо тайёр мекунанд."

Зайниддин, муҳоҷири собиқ, Душанбе:

"Дар якҷоягӣ бо ҷамъияти тоҷикони шаҳри Сан-Питерзбург кӯшише кардем ва нашрияе барои ҳамватанон бо забони тоҷикӣ (форсӣ) нашр кардем ва давраҳои омӯзишии ҳуқуқӣ барои муҳоҷирон баргузор кардем, аммо мутаассифона таваҷҷуҳи чандоне муҳоҷирон ба ин давраҳои омузишӣ ва ин нашрия надоштанд.

Image caption "Давраҳои омӯзишӣ барои муҳоҷирон ба огоҳии ҳуқуқии онҳо кумак мекунад"

Баъдан мутаваҷҷеҳ шудем, ки аксари ҳамватанони мо, ки 12 соъат дар шабонарӯз бе рӯзи истироҳат кор мекунанд, дигар на барои мутолеъаи нашрия ва на давраҳои омӯзишӣ на вақт доранду на хоҳиш.

Беҳтар аст, ки давраҳои омузишӣ дар бораи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва давраҳои забономӯзӣ дар маҳаллҳо, дар шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон, таъсис бидиҳем.

Бояд марказҳои шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират қабл аз сафар ба Русия барои муҳоҷирон ҳам дар мавриди ҳуқуқҳои онҳо ва ҳам давраҳои забономузӣ барои онҳо баргузор кунанд."

Сафват, муҳоҷир дар Маскав:

"Дар кишвархои мутамаддин тоҷикон танҳо як мушкил доранд - мушкили забон, ки дар 3 моҳ ҳал мекунанд, яъне меомӯзанд. Аммо дар Русия куллан тоҷикон дар ғуломӣ қарор доранд.

Онҳоро ҳукумати Тоҷикистон ба ҳукумати Русия мефурӯшад. Аҳаммият диҳед: буҷети Тоҷикистон 2 милёрд дулор, аз Русия 4 милёрд солона ворид мешавад, 4,5 милёрд аз Тоҷикистон ҳар сол пул хориҷ мешавад.

Арифметика: агар як милёрд масрафи зиндагии оилаҳои муҳоҷир шавад, 3+1,5 милёрди буҷетро ғорат мекунанд ва ин аст сирри милёрдерии ҳокимони Тоҷикистон. Дар Русия иммигрант ё муҳоҷири тоҷик вуҷуд надорад, куллан ғуломанд, ки ҳукумат онҳоро фурухтааст.

Барои халал ворид накардан ба тиҷорати ғуломфурӯшии худ, ҳукумат бо роҳҳои маснӯъӣ пеши рушди иқтисоди ватанӣ, соҳибкории хурду миёнаро мегирад, "облава" мекунад, то мардум ҷабран Русия раванду бозори ғуломфурӯшӣ гардон бошад."

Матолиби муртабит