Талоши Тоҷикистон барои дастёбӣ ба мақосиди тозаи муҳоҷират

  • 8 Январ, 2014
Муҳоҷир
Image caption Муҳоҷирони тоҷик умдатан дар Русия ба иҷрои корҳои "паст" ҷалб мешаванд

Тоҷикистон қасд дорад бо Қатар ва Имороти Мутаҳиддаи Арабӣ равобити худ дар заминаи муҳоҷирати кориро тақвият диҳад.

Ин матлабро Анвар Бобоев, раиси Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъъолияти ин ниҳод дар соли гузашта матраҳ кардааст.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯйи ин ниҳод, рӯзи чаҳоршанбеи 8-уми январ ба Би-би-сӣ ин хабарро таъйид кард ва афзуд, ки ҳамчунин қарор аст мувофиқатномаҳои мушобеҳ бо Укройн ва Куреи Ҷанубӣ имзо шавад.

Оқои Қодирӣ аз ироаи ҷузъиёти бештари ин мавзӯъ худдорӣ кард. Вале, ба эътиқоди соҳибназарон, мақомоти тоҷик талош доранд, то дар самти муҳоҷирати кории атбоъи Тоҷикистон таҷдиди назар карда ва барои таъмини кори онҳо дар кишварҳои шарқӣ шароит фароҳам кунанд.

Ҳарчанд, ба гуфтаи онҳо, ҳоло низ дар кишварҳои арабӣ ва шарқӣ теъдоди қобили мулоҳизаи атбоъи Тоҷикистон машғули кор ҳастанд, вале ин омор бо теъдоди ҷамъияти беш аз як милюннафарии атбоъи Тоҷикистон, ки ҳамасола барои ҷустуҷӯи ҷойи кор ва маъоши муносиб ба Русия сафар мекунанд, қобили муқоиса нест.

Бо дарназардошти ин нукта, коршиносон мегӯянд, ки давлати Тоҷикистонро зарурист, ки барои беҳбуди шароити зиндагии муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бештар иқдом кунад.

Танҳо дар соли гузашта ин муҳоҷирон барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаҳои худ ба Тоҷикистон беш аз се милёрд дулор фиристодаанд, ки ҳудуди 50 дарсади тавлидоти нохолиси миллӣ дар ин кишвар аст.

Анвар Бобоев, раиси Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон, низ дар гузориши худ дар ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъъолияти ин ниҳод дар соли гузашта ба ин мавзӯъ таъкид карда ва гуфтааст, ки дар соли 2013 мақомоти идораи муҳоҷират барои бозомӯзии муҳоҷирон ва танзими раванди муҳоҷират иқдомоте анҷом додаанд.

Тибқи иттилоъи маркази матбӯъотии Идораи муҳоҷират, дар соли гузашта масъулони намояндагии ин ниҳод дар Русия барои бозпас гирифтани ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик “корҳои зиёде” анҷом додаанд.

Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки намояндагии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия барои интиқоли ҷасади Зайниддин Хайруллоев, сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, кумак кардааст.

Оқои Хайруллоев рӯзи 27-уми декабри гузашта ба ҳангоми кор аз табақаи севуми сохтмоне, ки эҳдос мешуд, уфтода ва ҷони худро аз даст додааст.

Намояндагии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон хабар дода, ки барои гирифтани ҷубронпулӣ ба маблағи 250 ҳазор рубли русӣ мусоъидат карда ва ҷасади оқои Хайруллоев тавассути масири Екатеринбург-Душанбе ба пойтахти Тоҷикистон мунтақил шудааст.

Соҳибназарон мегӯянд, ки расидагии масъулони Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон ба мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик гоҳ-гоҳе мушоҳида шуда ва умдатан муҳоҷирон дар қиболи мушкилоти худ танҳо мемонанд.

Мақомоти Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯянд, ки ба далели мушкилоти молӣ наметавонанд теъдоди кормандони худ дар Русияро афзоиш дода ва ба ҳамаи масоили муҳоҷирон расидагӣ кунанд.

Онҳо иддаъо мекунанд, ки бо вуҷуди ин, дар соли гузашта Тоҷикистон муваффақ шудааст, ки ҷониби Русияро барои тамдиди муҳлати сабти номи муҳоҷирони кории тоҷик розӣ кунад ва порлумони Русия ин санадро тасвиб кардааст.

Матолиби муртабит