Маҳдудиятҳои тоза барои муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия

Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон ҳушдор дода, ки аз ин ба баъд муҳоҷирони кории тоҷик дар қаламрави Русия бояд қавоъиди ҷадиди будубошро муроъот кунанд.
Тибқи қонуни муҳоҷирати Русия, ки ахиран ислоҳ шуд, аз авоили соли ҷадиди мелодӣ муҳоҷирони кории хориҷӣ, ки бидуни визо ба қаламрави ин кишвар ворид мешаванду асноди зарурӣ барои фаъъолият надоранд, бояд баъд аз 90 рӯз Русияро тарк кунанд ва танҳо бо гузашти 90 рӯзи дигар вориди қаламрави ин кишвар шаванд.
Қаблан низ ин муқаррарот вуҷуд дошт, вале муҳоҷирони кории тоҷик аз марзи кишварҳои ҳамсояи Русия убур карда ва сипас баъд аз як рӯз ё ҳатто як соъат дубора вориди ин кишвар мешуданд. Ҳамакнун онҳо метавонанд танҳо баъд аз се моҳ дубора ба Русия баргарданд.
Намояндагии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки муқарарроти ҷадид ба манзури таъмини низоми фаъъолияти муҳоҷирони корӣ ва ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ роҳандозӣ шудааст.
Муқарарроти ҷадид ҳамчунин пешбинӣ карда, ки барои нақзи қавоъиди ҷадиди муҳоҷират аз сӯйи атбоъи хориҷӣ вуруди онҳо ба қаламрави Русия барои чанд соли оянда мамнӯъ хоҳад шуд.
Қаблан иддае аз муҳоҷирони кории тоҷик аз марзҳои Русия бо Укройн, Қазоқистон, Белорус ва Абхозистон убур карда ва баъд аз дарёфти муҳри марзбонон дар бораи убур аз марз дубора вориди Русия мешуданд ва ба ҷустҷӯйи ҷойи кор идома медоданд.
Вале бархе аз ин афрод, ки барои убур аз марзи Русия Абхозистонро интихоб мекарданд, умдатан зимни бозгашт бо душвориҳо рӯбарӯ шуда ва танҳо баъд аз мудохилаи намояндагии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон ба вуруд ба қаламрави Русия муваффақ мешуданд.
Соҳибназарон мегӯянд, ки ҳамасола аз Тоҷикистон беш аз як милюн нафар барои ҷустуҷӯйи кор ва маъоши муносиб озими манотиқи мухталифи Русия мешаванд..
Бештари ин афрод ҷойи кори таъйиншуда аз пеш надоранд ва баъд аз вуруд ба қаламрави Русия моҳҳоро дар ҷустуҷӯйи кор мегузаронанд. Ба ин далел, муқаррароти ҷадиди Қонуни муҳоҷирати Русия барои ин идда аз атбоъи тоҷик мушкилоти ҷиддие эҷод хоҳад кард.
Зимнан, дар як соли ахир давлати Русия барои танзими фаъъолияти муҳоҷирони кории хориҷӣ иҷрои чанд тадбирро рӯйи даст гирифтааст ва эълом карда, ки ин раванд идома хоҳад дошт.
Аз авоили соли нави мелодӣ, куллияи муҳоҷирони кории хориҷӣ, аз ҷумла атбоъи Тоҷикистон, муваззаф шудаанд, ки бимаи иҷтимоъӣ дошта бошанд. Ба ин манзур "Тоҷиксуғурта" ва ширкати бимаи “Русский дом” дар бораи бимаи муҳоҷирони кории тоҷик тавофуқ кардаанд ва ҳалли ин мушкил барои муҳоҷирони кории тоҷик имконпазир шудааст.
Аз аввали январи соли ҷадиди мелодӣ ҳар муҳоҷири кории тоҷик дар Русия зимни муроҷиъа ба пизишкон бояд бимаи иҷтимоъӣ дошта бошад. Дар ғайри ин сурат, имкон дорад мақомоти Русия муҳоҷирро ихроҷ кунанд.
Тибқи иттилоъи Бонки марказии Русия, дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон беш аз 3 милёрд дулор ворид шудааст. Ин маблағ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта ҳудуди 440 ҳазор дулор бештар аст.
Ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, маболиғи интиқолӣ аз сӯйи муҳоҷирони кории тоҷик баробари 47 дарсади тавлидоти нохолиси дохилии Тоҷикистон аст.
Соҳибназарон мегӯянд, ки ин маболиғ ба таъмини суботи иҷтимоъӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон мусоъидат мекунад ва аз ин ҷо, давлати Тоҷикистон ба тавсеъаи муҳоҷирати корӣ то ҳадде алоқаманд аст.
