Мусодираи нос дар Сибирӣ: 'хоки ватан' барои муҳоҷирон?

  • 25 Декабр, 2013
Нос
Image caption Нос аз танбоку, буттае бо баландии як метр ва дорои баргҳои азиму гули зарду бадбӯйе омода мешавад, ки ин буттаро метавон дар сартосари Тоҷикистон кишт кард

Тибқи иттилоъи бахши гумрук дар минтақаи Сибирии Русия, кормандони ин ниҳод дар тӯли соли 2013 дар фурӯдгоҳҳои ин минтақа аз мусофирони кишварҳои Осиёи Миёна беш аз 600 килуграм пудри танбоку ё носро мусодира кардаанд.

Ин омор дар муқоиса бо даврони мушобеҳи соли гузашта ду баробар афзоишро нишон додааст.

Қонуни Русия барои ҳар як мусофир иҷоза медиҳад, ки то 250 грам танбоку ё носро ба кишвар ворид кунад.

Аммо ин ниҳод бо пахши баёнияе иттилоъ дода, ки дар соли равон кормандони гумрук дар робита бо нақзи муқаррарот дар бораи воридоти ин мавод ба кишвар 485 парвандаи идориро барарсӣ ва афроди муқассир дар ин тахаллуфотро водор ба пардохти ҷарима кардаанд.

Суди ҳангуфт аз нос

Ася Молодцова, сухангӯйи гумруки Сибирӣ, рӯзи сешанбеи 24 декабр гуфтааст, ки бештари маводди мусодирашуда, яъне нос, дар фурӯдгоҳҳои шаҳрҳои Красноярск, Новосибирск ва Омск аз ҷомадони мусофирон пайдо шуда ва масъулон онро мусодира ва нобуд кардаанд.

Ҳарчанд воридоти миқдори муъайяни танбоку ё нос ба Русия муҷоз буда, вале қонуни Русия дар мавриди “Ҳифозати саломати шаҳрвандон аз қарор гирифтан дар маърази дуди сигор ва масрафи танбоку" тиҷорати умдафурӯшӣ ва хариду фурӯши ин маводро дар қаламрави он кишвар манъ мекунад.

Аммо дар баёнияи идораи гумруки Сибирӣ омадааст: "Бо вуҷуди ин, мусофирон аз Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон маҳдудият дар интиқоли танбокуро (нос) нодида гирифта ва ин маводди маъмул дар кишварашонро ба таври фазоянда ба Сибирӣ ворид мекунанд."

Ин дар ҳолест, ки бархе аз муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла масрафкунандагони нос, ки солиёни зиёде дар Русия ба сар мебаранд, мегӯянд, ки агар дар гузашта харидории нос дар он кишвар душвор буда, вале дар панҷ солаи ахир дар шаҳрҳои бузурги он кишвар тиҷорати нос афзоиш ёфтааст.

Саидалӣ, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки солҳои тӯлонӣ дар Русия кор мекард, мегӯяд, ки маъмулан носро аз бозорҳои бузурги шаҳри Маскав, пойтахти он кишвар, харидорӣ мекард. Вале қаблан ӯ замоне ки ба ватан бозмегашт ва дубора ба Русия мерафт, бо худ дар бутрии шомпонӣ нос мебурд.

Саидалӣ гуфт: "Он замон маҳдудияте дар ворид кардани нос ба Русия вуҷуд надошт. Аммо баъдан бархе аз муҳоҷирон бо касби даромади хубе аз фурӯши ин мавод онро барои тиҷорат низ ба Русия меоварданд ва кори мо носкашҳоро осон мекарданд."

"Носи тоҷикӣ-да биё бача"

Нос аз танбоку, буттае бо баландии як метр ва дорои баргҳои азиму гули зарду бадбӯйе омода мешавад, ки ин буттаро метавон дар сартосари Тоҷикистон кишт кард.

Image caption Ин моддаро маъмулан зери лаб мегузоранд ва ба гуфтаи афроди носкаш, он таъми тез дошта ва ба инсон ҳаловату оромиш мебахшад

Баъд аз ҷамъоварии маҳсули он, баргҳои танбоку хушк карда мешавад ва сипас дар осиёбҳои вижае онро реза мекунанд ва сипас ба таҳияи нос оғоз мекунанд.

Ҳар фарди хоҳишманд наметавонад носро бахубӣ омода кунад ва ба гуфтаи иддае аз масрафкунандагони он, танҳо мутахассисон метавонанд носро бо кайфияти хуб таҳия кунанд.

Нос, ки шабеҳи орди танбокуи таршуда аст, ранги сабз ва бӯйи вижае дорад. Дар Тоҷикистон кашидани нос ҳатто дар миёни бархе аз занҳо мушоҳида мешавад, вале харидорони аслии нос мардҳо ва ҷавонписарон ҳастанд.

Ин моддаро маъмулан зери лаб мегузоранд ва ба гуфтаи афроди носкаш, он таъми тез дошта ва ба инсон ҳаловату оромиш мебахшад. Бисёриҳо ба ин ақидаанд, ки нос асабро ором мекунад. Бисёриҳо, аз ҷумла муҳоҷирон дар Русия, аз нос ба унвони "хоки ватан" ном мебаранд.

Аммо масъулони Ожонси мубориза бо маводди мухаддири Тоҷикистон дар мавриди масрафи нос ва таъсири он бар вазъи саломати инсон ақидаи дигаре доранд,

Зарари нос барои саломати инсон

Озода Абдуллоева, нозири бахши назоратӣ-муъомилотии маводди мухаддир ва ҷилавгирӣ аз эътиёд дар ин ниҳод, мегӯяд, ки дар Тоҷикистон фурӯш ва омода кардани нос расман манъ нашудааст.

Вай, ки фаъъолияти аслии кормандони бахшаш бештар бо чунин маводди ба истилоҳ “тиракунандаи ақл” марбут будааст, мегӯяд, ки нос барои саломати инсон зарар дорад.

Ӯ рӯзи чаҳоршанбеи 25 декабр дар суҳбате телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт: "Нос ҷузъи маводди тиракунандаи ақл аст ва дар феҳристи ин гуна мавод ба ҷуз аз нос, сигор ва маводди алкулӣ низ дарҷ шудааст. Фурӯш ва омода кардани он дар Тоҷикистон манъ нашудааст, вале пизишкон ҳамеша мегӯянд, ки ин мавод барои саломати инсон зарар дорад."

Хонуми Абдуллоева афзуд, ки дар Тоҷикистон қонуни вижае барои манъи масрафи нос аз сӯйи кӯдакон ва ноболиғон низ таҳия нашуда ва масъулияти он ба дӯши волидон аст.

Вай гуфт: "Тасаввур кунед, ки падар фарзанди ноболиғи худро барои харидани нос, сигор ва ё маводди алкулӣ мефиристад, яъне ин кӯдак дар оянда бо ақидаи ин ки "ҳар коре, ки падар мекунад, дуруст аст", метавонад ба масрафи чунин мавод ба такрори рафтори падараш даст занад."

Бо вуҷуди таъсири бади нос барои саломати инсон гаҳ-гоҳе дар шаҳри Душанбе метавон шоҳиди мавориди зиёди ба зери забон андохтани ин модда аз сӯйи ҷавонон шуд ва нишонаҳое аз носи масрафшуда дар хиёбонҳои шаҳр низ зиёд ба мушоҳида мерасад.

Як зани сокини Душанбе мегӯяд, ки вай борҳо мушоҳида кардааст, ки ронандаҳои ба гуфтаи вай “носкаш” баъд аз масрафи нос онро аз панҷараи худрав ба ҳангоми ҳаракати он ба берун туф мекунанд.

Ин хонум мегӯяд, ки барои ҷилавгирӣ аз ин бадрафториҳои иддае аз ронандагони носкаш ва тамиз нигоҳ доштани хиёбонҳои шаҳр бояд қонуни вижае тасвиб шавад.

Матолиби муртабит