Ширкати "Тоҷиксуғурта" муҳоҷирони тоҷикро дар Русия бима мекунад

  • 24 Декабр, 2013
Муҳоҷирон
Image caption Ҳамасола беш аз як милюн нафар аз атбоъи Тоҷикистон барои дарёфти ҷойи кор озими Русия мешаванд

"Тоҷиксуғурта" ва ширкати "Страховой дом"-и Русия дар бораи бимаи муҳоҷирони тоҷик тавофуқ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи қавонини Русия аз авоили соли ояндаи мелодӣ куллияи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои хориҷӣ бояд бима дошта бошанд.

Як манбаъ аз ширкати “Тоҷиксуғурта”, ки нахост номаш ифшо шавад, рӯзи сешанбеи 24 декабр ба Би-би-сӣ гуфт, ки феълан бимаи муҳоҷирони корӣ иҷборӣ нест.

Вай афзуд: "Ҳар як муҳоҷири тоҷик метавонад қабл аз парвоз ба Русия дар “Тоҷиксуғурта” бо ширкати мо қарордод имзо кунад ва ё дар қаламрави Русия ба намояндагии ширкати мо ва ё ба бахшҳои ширкати “Страховой дом” барои бима кардан муроҷиъа кунад."

Ин манбаъ афзуд, ки ҳоло тавофуқ шудааст, ки бо муҳоҷирон барои се, шаш, нуҳ ва ё дувоздаҳ моҳ қарордоди бима имзо мешавад. Вай аз ифшои маблағи қарордод худдорӣ кард, вале гуфт, ки агар барои се моҳ қимати қарордоди бима 75 сомонӣ бошад, пас ширкат пардохти то яксад ҳазор рубли русӣ маблағро замонат медиҳад.

Ба гуфтаи вай, ҳар як муҳоҷири кории тоҷик қабл аз муроҷиъа ба пизишкон дар қаламрави Русия бояд бо намояндагии ширкати бима дар тамос бошад. Бима имкон медиҳад, ки махориҷи муъолиҷа, ихроҷ ё таҳвили ҷасад пардохт карда шавад.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола беш аз як милюн нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои дарёфти ҷойи кор ва маъоши муносиб ба Русия сафар мекунанд. Бештари онҳо дар тӯли сафари худ борҳо ба бемориҳои мухталифе гирифтор шуда ва ба мудавои пизишкон ниёз доранд.

Гузашта аз ин, ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон то як ҳазор ҷасади муҳоҷирон мунтақил мешавад, ки ҳазинаи интиқоли онҳоро ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон пардохт мекунанд.

Пардохти қиммати парвози афроди ихроҷшуда низ аз муддатҳо қабл дар расонаҳои Русия ба мавзӯъи доғе табдил шудааст. Гуфта мешавад баъд аз роҳандозии бимаи муҳоҷирон ин мушкил низ ҳалли худро пайдо хоҳад кард.

Аз сӯйи дигар, ҳамасола муҳоҷирони кории тоҷик барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаҳои худ ба Тоҷикистон милёрдҳо дулор интиқол медиҳанд, ки ҳудуди 50 дарсади тавлидоти нохолиси миллӣ дар кишварро ташкил медиҳад.

Ба ин далел соҳибназарон мегӯянд, ки барои муҳоҷирон дарёфти маблағи бима мушкил эҷод намекунад, вале барои ҳалли мушкилоти буду боши онҳо дар қаламрави Русия кумак мекунад.

Матолиби муртабит