Муъаррифии барномаи ҷадид барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон

  • 18 Декабр, 2013
Муҳоҷирони тоҷик
Image caption Муҳоҷир:"Ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия то замоне ки давлати Тоҷикистон барои ҳимоят аз онҳо садо баланд накунад, нақз хоҳад шуд"

Масъалаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷ аз ин кишвар ва беҳбуд бахшидан ба вазъияти онҳо аз масоили умдаи чанд ҳамоиш буд, ки рӯзи чаҳоршанбеи 18 декабр, ба муносибати "Рӯзи байналмилалии муҳоҷират" дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Аз ҷумла, Маркази мустақилли ҳуқуқи башари Тоҷикистон дар ҳамоише “Тарҳи барномаи миллии давлатӣ барои иҷрои тавсияҳои Кумитеи Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳои онҳо барои солҳои 2013-2017”-ро муъаррифӣ кард.

Ин барнома бар асоси 50 тавсияи Созмони Милал дар чорчӯби Кунвонсиюни байналмилалӣ барои ҳимоят аз муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳо таҳия шуда ва яке аз аҳдофи меҳварии он мутобиқ сохтани Қонуни Тоҷикистон дар бораи муҳоҷирони корӣ бо муқаррароти ин кунвонсиюн аст.

'Қурбониёни фасод'

Тавсияҳои Кумитеи СММ барои ҳимоят аз муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳои онҳо дар ҷаласаи 16-уми ин ниҳод дар моҳи апрели соли 2012, баъд аз баррасии гузориши Тоҷикистон дар бораи таъаҳҳудоти ин кишвар ба иҷрои тавсияҳои ин ниҳод пешниҳод шудаанд.

Ин кумите аз ҷумла аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки муҳоҷирони кории тоҷик ва аъзои хонаводаҳои онҳо ба ҳангоми берун шудан аз кишвар ва ё бозгашт ба он дар аксари маворид қурбонии аъмоли фасодомез аз сӯйи кормандони гумрук ва ё марзбонӣ мешаванд.

Image caption Масъалаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар хориҷ масъалаи меҳварӣ дар чанд нишасти марбут ба муҳоҷират дар Тоҷикистон буд

Аз ин рӯ, ба давлати Тоҷикистон тавсия шудааст, ки ҳаргуна зуҳуроти ришваситонии ин кормандон таҳқиқ шуда ва муҳоҷиронро огоҳ созанд, ки аз чунин маворид ба мақомоти зидахл иттилоъ бидиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз муҳоҷирони корӣ, ки аз Русия ба ватан бармегарданд, аз мавориди пулситонии бархе аз кормандони гумрук ва марзбонӣ дар фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон шикоят мекунанд. Барномаи миллии Тоҷикистон дар бораи иҷрои тавсияҳои СММ барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳои онҳо аз сӯйи давлат тобистони соли ҷорӣ ба тасвиб расидааст.

Музаффар Ашӯров, як масъули дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиши имрӯз бар аҳаммияти ин барнома барои Тоҷикистон таъкид кард: "Тадобири муҳимме, ки дар барнома омадааст, тобистони соли ҷорӣ ба вазоратхонаҳо ва ниҳодҳои марбут барои иҷро ироа шуданд. Ҳадаф аз баргузории нишасти имрӯз дарёфти роҳҳои беҳтар барои иҷрои ин барнома бо кайфияти беҳтар аст."

Оқои Ашӯров иҷрои амалии ин барномаро, ки ҳазинааш аз будҷеи давлат таъмин мешавад, барои ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ ва аъзои хонаводаҳои онҳо дар дохил ва берун аз кишвар созанда хонд.

Аз сӯйи дигар, дар поийзи соли ҷорӣ бисёре аз муҳоҷирони корӣ дар Русия бо ишора ба маҳрумияти худ аз ҳаққи ҷамъоварии имзо барои ҷонибдорӣ аз номзадҳои мавриди назарашон ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилро яке аз мавориди бераҳмона “помол шудани ҳуқуқашон аз сӯйи давлати Тоҷикистон арзёбӣ карданд.”

'Дуъои муҳоҷирон'

Як муҳоҷири кории тоҷик, ки дар Русия солиёни зиёде бо анҷоми корҳои мухталиф машғул будааст, мегӯяд, ки ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, то замоне, ки давлати Тоҷикистон барои ҳимоят аз онҳо садо баланд накунад, нақз хоҳад шуд.

Image caption Оқои Ашӯров гуфт, ки барномаи ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон ва аъзои хонаводаҳои онҳо дар дохил ва берун аз кишвар муассир аст

Ба ақидаи ӯ, давлате, ки муҳоҷирро ба хориҷ эъзом мекунад, бояд барои дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш садо баланд кунад ва кишвари пазирандаи муҳоҷир низ дар чунин шароите маҷбур хоҳад шуд, ки ҳуқуқи онҳоро риъоят кунад.

Суҳбат бо ин муҳоҷири корӣ, ки тоза ба ватан баргаштааст, дар як минибус дар шаҳри Душанбе рӯзи 17 декабр, як рӯз қабл аз рӯи байналмилалии муҳоҷират, анҷом шуд.

Вай гуфт, ки дар хориҷ аз ватан ҳамеша ёди ватан мекунад, аммо замоне ки ба Тоҷикистон меояд ва бо мавориди нақзи ҳуқуқи башар аз сӯйи пулис ва ё маъмурони дигари давлатӣ рӯбарӯ мешавад, билофосила хоҳиши тарки ватанро мекунад.

Ин мард, ки нахост номаш ифшо шавад, ҳудуди 35-сола ба назар мерасид, мегӯяд, ки аз соли 1996 ба ин сӯ дар Русия кор мекунад ва ҳамсару фарзандони худро низ ба он кишвар бурдааст. Вай афзуд, ки падари солмандаш бемор шуда ва ӯ водор шудааст, ки барои муддате ба Тоҷикистон баргардад.

Ба гуфтаи ӯ, бархе аз тоҷикон, ки бо онҳо дар Русия ҳамроҳ буд, қасди бозгашт ба ватан доштанд ва мехостанд ба тиҷорат машғул шаванд. Вале як сол пас аз иштиғол ба тиҷорат дар ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон, онҳо бо мавонеъи зиёде аз сӯйи мақомоти маҳаллӣ рӯбарӯ шуда ва баночор ба Русия бозгаштаанд.

Комрон Сафаров як ҷавони муҳоҷир дар Русия аст, ки мегӯяд дар он кишвар ҳуқуқаш ҳамвора нақз мешавад. Вай орзу дорад, ки ба Тоҷикистон баргардад ва кори муносибе барои худ пайдо кунад.

Вай афзуд: “Ман бо арӯсам 25 рӯз зиндагӣ кардам ва ба муҳоҷират рафтам. Аз Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш дорам, ки дар Тоҷикистон барои мо ҷойҳои корӣ бо маъоши хуб таъмин кунад, то мо дигар ба муҳоҷират наравем. Инҷо ҳатто пизишкон бо мо хуб суҳбат намекунанд. Дар намозамон дуъо мекунем , ки ҳукумати Тоҷикистон ба мушкили муҳоҷиронаш расидагӣ кунад."

Тавсияҳо иҷро мешаванд?

Дар ҳамин ҳол, ин суол матраҳ аст, ки оё барномаи ҷадиди давлатӣ оё метавонад ба таври ҷиддӣ аз ҳуқуқи садҳо муҳоҷири кории тоҷик дар Русия ва кишварҳои дигар ҳимоят кунад? Нодира Абдуллоева, як масъули Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистон, мегӯяд, ки ин санади ҳуқуқӣ ҳамаи ниҳодҳои давлатиро муваззаф мекунад, ки тавсияҳои СММ-ро дар замони мушаххасе иҷро кунанд.

Image caption Хонуми Абдуллоева: "Мушкили аслӣ он аст, ки назорат ва арзёбии иҷрои барномаҳои марбут ба муҳоҷират дар Тоҷикистон заъиф аст"

Аммо ӯ гуфт, ки назорат бар иҷрои ин барнома дар Тоҷикистон заъиф аст: "Мо беҳуда ин рӯзро, яъне рӯзи байналмилалии муҳоҷиратро, барои муъаррифии барнома интихоб накардем. Мо бояд бештар сокинонро бо барномаҳои муҳоҷират ошно созем. Мушкил ин аст, ки назорат бар иҷрои ин барномаҳо дар Тоҷикистон заъиф аст ва иҷрои бахшҳое аз он ба сармояи бештаре ниёз дорад."

Яке аз нукоти аслии ин барнома гузориши ҳамасолаи ниҳодҳои давлатӣ аз натоиҷи иҷрои он аст. Ин дар ҳолест, ки мақомоти давлатӣ аз додани иттилоъ ба расонаҳо дар бораи раванди муҳоҷират ва масоили марбут ба муҳоҷирон ҳамвора худдорӣ мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, ки аксари барномаҳои давлатӣ, ки бар асоси тавсияҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар заминаи ҳимоят аз ҳуқуқи башар таҳия мешаванд, ба таври комил иҷро намешаванд. Зеро меконизми назорати ҷиддӣ бар иҷрои онҳо вуҷуд надорад.

Гузоришҳои расмӣ аз интиқоли аҷсоди муҳоҷирон аз хориҷ ба Тоҷикистон ҳокист, ки сол то сол шумори афроде, ки дар Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ ҷонҳои худро аз даст медиҳанд, дар ҳоли афзоиш аст.

Дар миёни муҳоҷироне, ки ҷонҳои худро аз даст додаанд, иддае ҳам дар асари ҳамлаи гурӯҳҳои нажодпарасти рус кушта шудаанд. Давлати Русия низ борҳо аз сӯйи мудофеъони ҳуқуқи башар барои нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои хориҷӣ мавриди интиқодҳои шадид қарор гирифтааст.

Тибқи гузоришҳои ғайрирасмӣ дар Русия дар ҳоли ҳозир беш аз як милюн муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон ба сар мебаранд ва аксари ин афрод дар баробари мавориди нақзи ҳуқуқи башар осебпазир ҳастанд.

Матолиби муртабит