Пулиси рус аз қатли як табаъаи Тоҷикистон дар Чита хабар дод
Кумитеи бозҷӯии Русия аз кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳри Читаи он кишвар хабар дод.
Ин ниҳод дар торнмои худ хубар дода, ки пулис дар мавриди қатли ин сокини 29-солаи Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз карда ва бозҷӯйии мазнунонро идома медиҳад. Ин сокини Тоҷикистон дар шаҳри Чита машғули фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ будааст.
Додситонии Чита гуфтааст, ки шоми рӯзи панҷшанбеи 2 январ ин фард машғули фаъъолият дар дукони фурӯши полезиҳо будааст, ки афроди номаълум ӯро ба зарби гулӯла аз пой даровардаанд.
Таҳқиқоти муқаддамотӣ собит карда, ки афроди ношинос ба дукони ин шаҳрванди тоҷик ворид шуда ва ба сару тани ӯ бо туфанг шиллик кардаанд ва ӯ ҷони худро аз даст додааст.
Ҳарчанд Кумитаи бозҷӯии Русия аз кушта шудани як шаҳрванди Тоҷикистон хабар дода, вале сойти мавсум ба “Чита.ru” аз қавли манобеъи расмӣ гуфтааст, ки дар ин ҳодиса ду шаҳванди Тоҷикистон кушта шудаанд.
Ин нахустин мавриди қатли як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия дар соли нави мелодӣ аст.
Аммо 26 декабри соли 2013 Шоҳҷон Раҳматшоев дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия, ба таври ваҳшиёна ба қатл расид, ки ҳоло ҷасади ӯ дар сардхонае дар Русия барои таҳқиқ нигоҳдорӣ мешавад.
