Хатари ихроҷи ҳазорҳо муҳоҷир бо иҷрои қонуни ҷадид дар Русия

  • 11 Январ, 2014
Муҳоҷирони тоҷик
Image caption Муқаррароти ҷадид ҳазорҳо муҳоҷири тоҷикро дучори мушкил кардааст

Муқаррароти ҷадид барои муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия шумори зиёде аз муҳоҷирони кории тоҷик дар он кишварро бо хатари ихроҷ ва мамнуъ-ул-вуруд шудан рӯбарӯ кардааст.

Яке аз ин муқаррарот, ки аз оғози соли милодии нав иҷрояш шурӯъ шуд, масъалаи сабти ҷои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ аст. Қаблан садҳо муҳоҷир дар як опортумон худро ба сабт мерасонданд, вале бо иҷроӣ шудани қонуни нав ин кор ғайриқонунӣ эълом шудааст.

Ҳамчунин, бар асоси муқаррароти ҷадид, атбоъи хориҷӣ, ки шуғле надоранд, бояд бо анҷоми се моҳ қаламрави Русияро тарк кунанд, вале баръакси гузашта, онҳо танҳо дар сурати сипарӣ шудани се моҳи дигар иҷозаи вуруди дубора ба Русияро хоҳанд дошт.

Риъояти ин муқаррарот барои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки наздик ба якуним милюн нафар арзёбӣ мешаванд, сахт аст, зеро ба гуфтаи коршиносон, бештари тоҷикон дар Русия муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳастанд ва ба далели надонистани қавонини маҳаллӣ ба тахаллуфоти зиёде даст мезананд.

Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон низ бо пахши баёнияе аз сокиноне, ки қасди сафар ба Русия доранд, хостааст, ки муқаррароти тозаи будубоши хориҷиён дар он кишварро дар назар бигиранд ва риъоят кунанд.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Русия пештар эълом карда буданд, ки бо имзои қарордод дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба муҳоҷирони кории ин кишвар имтиёзоте додаанд.

Аммо ба гуфтаи коршиносон, ташдиди муқаррароти муҳоҷират, ки ахиран дар Русия ба мавриди иҷро даромада, ин имтиёзотро камранг ва беаҳаммият хоҳад кард.

Қонун алайҳи “имтиёз”

Мақомоти Русия далели тасвиби муқаррароти ҷадиди муҳоҷиратро ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба кишварашон унвон мекунанд. Тибқи иттилоъи Идораи муҳоҷирати Русия, соли 2013 вуруди беш аз 400 ҳазор нафар аз шаҳрвандони кишварҳои ҳамсуд ба қаламрави Русия мамнӯъ шудааст.

Азалхон Алимов, ҳамоҳангсози тарҳҳои кумак ба муҳоҷирон дар Маркази ҳуқуқи инсон дар шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, ки тибқи иттилоъи Идораи муҳоҷирати Русия дар соли 2013 сафари беш аз 90 ҳазор аз муҳоҷирони тоҷик низ ба Русия мамнӯъ шудааст.

Оқои Алимов мегӯяд, ки шуморе аз ин афрод аз ҷумлаи ихроҷшудагон буда ва шумори зиёде аз онҳоро афроди мамнӯъ-ул-вуруд ба он кишвар ташкил медиҳанд.

Image caption Қонуни ҷадиди Русия ба муҳоҷироне, ки аз он кишвар хориҷ мешаванд, то се моҳ иҷозаи вуруд намедиҳад

Оқои Алимов мегӯяд: "Афроде, ки дар муҳокимаи додгоҳӣ дар Русия маҳкум ба ихроҷ аз он кишвар шудаанд, то панҷ сол наметавонанд ба Русия сафар кунанд. Онҳое, ки дар муддати буду бошашон дар Русия қонунеро нақз кардаанд, тибқи қонун ба он кишвар мамнуъ-ул-вуруд мешаванд, ки то се сол иҷозаи дубора бозгаштан ба Русияро надоранд."

Бар асоси қонуни ҷадид, барои шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ, ки вуруди онҳо ба Русия манъ шуда, вале ба таври ғайриқонунӣ ворид мешаванд, маблағи 2000 - 3000 рубл, барои соҳибхонаҳо маблағи 2000 - 5000 рубл ва барои ширкатҳои корфармо маблағи 25 то 75 ҳазор рубл ҷарима пешбинӣ шудааст.

Дар пойизи соли 2013 мақомоти зидахли Русия дар пайи тасвиби қарордод дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии он кишвар дар қаламрави Тоҷикистон барои муҳоҷирони кории ин кишвар имтиёзоте дода буданд. Аз ҷумла, муҳлати сабти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз 7 ба 15 рӯз афзоиш дода шуд.

Азалхон Алимов мегӯяд, ки ин имтиёз бештар мусофиратҳои кӯтоҳи атбоъи тоҷик ба Русияро осон карда, вале: "Ҳеҷ таъсири мусбате дар дарёфти муҷавиз ё қарордоди кор барои муҳоҷирон надорад. Ва аз ҳама муҳим, барои муҳоҷирон сабти маҳалли иқоматашон дар идораи пулис аст. Тибқи қонуни ҷадид муҳоҷир танҳо ҳуқуқи зиндагӣ дар маконеро дорад, ки дар он ҷо ӯ сабти ном шудааст."

Ин дар ҳолест, ки аксари муҳоҷирон дар Русия маҳалли иқомати худро дар як опортумон сабт мекунанд, вале дар онҷо зиндагӣ намекунанд, бештари онҳо дар маҳалли корашон зиндагӣ мекунанд. Акнун қонун дигар иҷоза намедиҳад, ки муҳоҷирон дар маҳалли кор зиндагӣ кунанд.

Гуфта мешуд, ки дар гузашта садҳо муҳоҷир худро дар як хона сабти ном мекарданд, ки ин амр мақомоти Русияро ба ташдиди муқаррароти будубош водор кардааст. Акнун барои шаҳрвандони Русия ва хориҷие, ки муқаррароти ҷадиди иқоматро нақз мекунанд, аз 100 то 500 ҳазор рубл ҷарима ё кори иҷборӣ ва ё се сол маҳкумият ба зиндон пешбинӣ шудааст.

Ҳамакнун суоли матраҳ ин аст, ки Русия чи имтиёзоте барои муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави кишвараш додааст? Зеро қонуне, ки ин кишвар ахиран дар мавриди муҳоҷират ба тасвиб расонда, на танҳо фаъъолияти шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон дар он кишварро осон намекунад, балки имкони фаъъолият барои муҳоҷиронро маҳдуд месозад.

Интиқод аз Русия

Созмони Афви Байналмилал, аз созмонҳои муътабари дифоъ аз ҳуқуқи башар дар ҷаҳон, рӯзи 9 январ бо пахши баёнияе зери унвони “Дар сояи бозиҳои улампик: Масоили аслии марбут ба ҳуқуқи башар дар Русия” аз қонунҳои ҷадиди тасвибшуда дар Русия интиқоди шадид кардааст.

Ба навиштаи ин созмон: ”Қонунҳои табъизомезе, ки дар солҳои ахир дар Русия ба тасвиб расидаанд, бегонаситезӣ ба дар Русияро афзоиш дода ва ба юриши бештари пулис ва ҳамалоти нажодпарастон алайҳи муҳоҷирони корӣ мунҷар шудаанд.”

Як имтиёзи дигаре, ки дар соли гузашта миёни мақомоти ду кишвари Тоҷикистон ва Русия барои муҳоҷирони тоҷик ба даст омад, тамдиди муҳлати кор барои муҳоҷирон аз се моҳ то ба се сол буд. Аммо гуфта мешавад, ки ин муқаррарот то ҳол расман дар Русия тасвиб нашудааст.

Бисаломат Каримова, як зани 48-сола дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд, аз ҷумлаи 90 ҳазор муҳоҷири тоҷик аст, ки дар соли 2013 дар Русия мамнуъ-ул-вуруд шудааст.

Хонум Каримова мегӯяд замоне ки ӯ машғули омода кардани мадорик барои дарёфти муҷаввизи кор дар Русия буд, масъулон ба ӯ хабар доданд, ки вай мамнуъ-ул-вуруд аст. Ӯ мегӯяд, ки дар Русия ду фарзанди донишҷӯй дорад ва ба хотири онҳо ба он кишвар барои кор рафтааст.

Ӯ гуфт: "Ман ҳатто намедонам, ки чи кори баде кардам, ки ворид шудани ман ба Русияро мамнуъ кардаанд. Ҳоло дар вазъи баде қарор дорам ва намедонам, ки ҳоли фарзандонам дар он кишвар чи гуна аст. Зеро сармоя барои таҳсил ва зиндагии онҳо дар он кишварро ман бо фаъъолиятҳоям фароҳам мекардам."

Ин хонум мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ҷойи кори доимӣ надорад ва намедонад, ки аз кадом маблағ ба фарзандони донишҷӯяш пул бифиристад. Бисаломат мегӯяд, ки дар тӯли чаҳор соли кораш дар Русия ҳамеша табъиз алайҳи худ ба увнони тоҷикистониро эҳсос мекард.

Ӯ афзуд: "Бисёриҳо дар Русия ҳатто аз он ки фарзандонам дар он кишвар таҳсил мекунанд, хушашон намеояд. Кормандони пулис ҳамеша тоҷиконро дар маърази таъқибу фишор қарор медоданд."

Хонуми Каримова ба ин бовар аст, ки маҳз тоҷик будани ӯ сабаби он шуд, ки кормандони интизомӣ дар шиносномааш муҳри мамнуъ-ул-вуруд ба Русияро зананд. Зеро ба гуфтаи ӯ, тоҷикон дар Русия аз ҳама афроди беҳуқуқ ҳастанд.

Ҳамалоти нажодпарастона

Аз сӯйи дигар, шуморе аз раҳбарони созмонҳои марбут ба муҳоҷирон ва анҷуманҳои тоҷикони муқими Русия мегӯянд, ки баъд аз эъломи имтиёзоте барои муҳоҷирони тоҷик мавориди ҳамла ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия афзоиш ёфтааст.

Аз ҷумда ду мавриди қатли муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар як моҳи ахир бисёре аз муҳоҷирон дар он кишварро нигарон кардааст. Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониён дар Русия, мегӯяд, ки ба ҷуз аз тоҷикон, шаҳрвандони кишварҳои дигари Ҷиргаи Ҳамсуд, аз ҷумла Укройн, ҳаққи то 90 рӯз бидуни сабт мондан дар қаламрави Русияро доранд.

Оқои Давлатов мегӯяд, ки дар маҷмӯъ тавофуқи миёни мақомоти Тоҷикистону Русия дар бораи пойгоҳ на танҳо имтиёзотеро барои тоҷикон фароҳам накард, балки бо ҷорӣ шудани муқаррароти ҷадид онҳоро аз он чи ки дар гузашта истифода мекарданд, низ маҳрум кард.

Афзун бар ин, ӯ мегӯяд, ки ин тавофуқ гурӯҳҳои нажодпараст ва бегонаситези русро хашмгин карда ва аз замоне ки дар мавриди ин имтиёзот мақомот расман эълом карданд, мавориди ҳамла ба тоҷикон дар қаламрави Русия афзоиш ёфтааст.

Оқои Давлатов афзуд: "Дар даҳ рӯзи охири моҳи декабр танҳо дар шаҳри Маскав чаҳор мавриди ҳамла ба тоҷикон ва маҷруҳ ва кушта шудани онҳо сабт шуд. Ҳамчунин дар шаҳри Самара, Челябинск ва вилояти Ханти-Мантии Русия мавориди ҳамла ба тоҷикон мушоҳида шудааст."

Image caption Оқои Алимов гуфт, ки дар соли 2013 сафари беш аз 90 ҳазор аз муҳоҷирон аз ҷумлаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия мамнӯъ шудааст

Оқои Давлатов муътақид аст то замоне, ки мақомоти Тоҷикистон расман дар бораи нақзи ҳуқуқи атбоъи худ дар Русия садо баланд накунанд, муҳоҷирони тоҷик ҳамчунон осебпазир хоҳанд буд.

Ҳамчунин, ба ақидаи вай баъд аз ин иқдоми мақомоти ду кишвар, мавориди ихроҷи муҳоҷирон аз Русия низ афзоиш ёфтааст. Тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, танҳо дар шаҳри Маскав, кормандони интизомӣ беш аз ду ҳазор нафар аз муҳоҷирони кории тоҷикро ба иртикоби ҷароими мухталиф ва тахаллуфоти идорӣ муттаҳам карда ва онҳоро мавриди пайгард қарор додаанд.

Коршиносон мегӯянд, ки дар сурате, ки шуморе аз ин афрод ба ватан бозгаштаанд, акнун наметавонанд то се соли дигар ба Русия бираванд.

Таъқибу фишор

Нӯъмон Қаюмов, як сокини шаҳри Конибодоми вилояти Суғд мегӯяд, ки ҳеҷ гуна хатокорие дар Русия накарда ва дар охири соли гузашта барои аёдати зану фарзандонаш ба ватан бозгаштааст.

Вале ӯ афзуд: “Ман рӯзи қабл барои сафар ба Русия билет гирифтам, аммо дар фурӯдгоҳ ба ман эълом карданд, ки ман дар Русия мамнуъ-ул-вуруд ҳастам. Ман коре накардаам, ки барои он маро чунин муҷозот кунанд.”

Оқои Қаюмов мегӯяд, ки ба хотири таъмини маъоши хонавода водор ба сафар ба Русия шуд ва дар шаҳри Маскав дар ширкати хусусие машғули ронандагӣ буд.

Ӯ афзуд: "Ман се фарзанди кӯчак дорам ва ба хотири таҳсили писаронам кор мекардам. Ҳоло намедонам, чи кор кунам. Дар Тоҷикистон ҷойи кор надорам. Ва агар пайдо кунам, ҳам маъоши он ночиз аст, ки бо он намешавад рӯзгори хонаводаро таъмин кунӣ.”

Ин дар ҳолест, ки намояндагони созмонҳои дигари марбут ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз афзоиши мавориди ихроҷи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар даҳ рӯзи соли ҷорӣ хабар медиҳанд ва мегӯянд, ки таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар он кишвар ба мушоҳида расидааст.

Аммо намояндагии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, ки тоҷикон дар Русия бо ҳеҷ гуна таъқиб ва фишор рӯбарӯ нестанд.

Бархе аз коршиносони умури муҳоҷират мегӯянд, ки дар сурати бозгашти иҷбории садҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон, ин кишвар бо буҳрони инсонӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Матолиби муртабит