Таъсиси ширкате барои ироаи хадамоти тафреҳӣ ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Гурӯҳи тафреҳии мавсум ба Promotion Group "EGO'S" ба манзури баргузории маҳофили тафреҳӣ барои тоҷикони муқими Русия ширкатеро ба номи "Children of Monday" таъсис додааст.
Дастандаркорони ин ширкат бо интишори баёнияе дар шабакаҳои иҷтимоъӣ аз тоҷикони муқими Русия хостори ҳамкории довталабона бо ширкати худ шудаанд.
Дар ин баёния, ки шаби гузашта дар Фейсбук мунташир шуд, омада, ки ин ширкат ба манзури иҷрои барномаҳои тафреҳию саргармкунанда барои тоҷиктаборон дар шаҳрҳои Маскав ва Сан-Питерзбурги Русия таъсис шудааст.
Ба назар мерасад, ки муассисони ин ширкат худ тоҷиктабор ҳастанд, зеро дар поёни баёнияи худ онҳо ҷавонони тоҷикро ба ҳамкорӣ даъват карда ва ба онҳо “Саломат ва хонаобод бошед!” гуфтаанд.
Бори нахуст аст, ки дар Русия як ширкат ба манзури баргузории маҳофили тафреҳию саргармкунанда барои тоҷиктаборон таъсис мешавад. Ва ба ин далел барои арзёбии ин иқдом фурсат лозим аст.
Аз сӯйи дигар, овозхонҳо ва ҳунармандони тоҷик пайваста дар манотиқи мухталифи Русия барномаҳои тафреҳӣ иҷро мекунанд. Вале ин амр умдатан бо мусоъидати ширкатҳои русӣ сурат мегирад ва ҳунармандон маъмулан аз шароити қарордод бо онҳо изҳори норизоятӣ мекунанд.
Наздик ба яку ним милюн муҳоҷири кории тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Соҳибназарон мегӯянд, ки дар солҳои ахир бисёре аз муҳоҷирон дар баргузории маҳофили фарҳангӣ, монанди ҷашнҳои арӯсӣ ва дигар маросим, бо мушкилоте мувоҷеҳ мешаванд.
Ширкати ҷадид зоҳиран мехоҳад кори онҳоро осон кунад ва аз сӯйи дигар, баргузории ин маросим василаи даромади қобили мулоҳизае барои соҳибон ва саҳомдорони он маҳсуб мешавад.
